Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Индонезия


Ба маълумоти шумо доир ба омода намудани мақола дар бораи таҳсил ва зисту зиндагонии донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Индонезия таҳсил намуда истодаанд мехоҳам омода намоям. Мавзӯӣ мақола вобаста ба муносибатҳои дуҷониба дар доираи маориф, дин, шароити зиндагии донишҷӯёни тоҷик, муносибати донишҷӯёни тоҷик бо дигар миллатҳо, фикру андешаҳои муаллимони хориҷӣ нисбати донишҷӯёни тоҷик ва дигар паҳлуҳоро, ки дар давраи таҳсил дар Индонезия ба чашм расидааст дар бар мегирад.

Бинобар ин аз шумо хоҳишмандам ба ман маълумот вобаста ба талаботҳо ё меъёрҳои мақоланависӣ, ки аз ҷониби Радиои озодӣ танзим гаштааст ва ҳамчунин доир ба қабул гардидан ё рад намудани он аз ҷониби Радиои озодӣ ба унвони ман ирсол менамудед.

Хоҳишмандам мавзӯро баррасӣ ва аз натиҷа он маро хабардор намоед.

Бо эҳтиром,
донишҷӯӣ Телкоми Ҷумҳурии Индонезия
Самиев Парвиз

Радио Озодӣ: Cалом, хонандаи азиз Парвиз Самиев.

Аз таваҷҷӯҳи Шумо ба торнамои Радиои Озодӣ ва хоҳиши ҳамкорӣ бо он самимона сипосгузорем. Ҷанбаъҳое, ки мехоҳед дар навиштаи худ бозтоб диҳед, хуб интихоб шудаанд ва мо умедворем, ин мавзӯъро ба гунаи хуб навишта ба мо мефиристед.

Талаботи мо сода аст. Дар навиштаи Шумо бояд шумораи умумии донишҷӯён ва симои чанд нафаре аз онҳо дида шавад. Маълум гардад, ки чӣ гуна онҳо барои таҳсил ба ин кишвар омаданд ва чӣ орзуҳо доранд. Шароити зиндагӣ ва таҳсили онҳо, муносибати омӯзгорон ва мардуми маҳаллӣ ба онҳо, муносибати байниҳамии онҳо, талоши омӯхтан ва риштаҳои таҳсил низ бояд мунъакис гардад.

Шояд ҳамаи ин дар атрофи ягон мавзӯи муайян гирд оварда шавад. Барои намуна, муносибати онҳо ба Ватан ба Тоҷикистон ё ҳисси миллии онҳо ва ё талоши илм аз тарафи донишҷӯён. Мумкин дар байни онҳо донишҷӯёни ҷолибе ҳастанд, ки фикур ақидаи хос доранд ё дар таҳсил комёбанд. Хулоса, кӯшиш кунед, навиштаатон паём ё меҳваре дошта бошад.

Дар оянда метавонед ҳамчунин дар бораи падидаҳои ҷолиби кишвари мизбон низ ба мо бинависед.

Интизори мақолаи Шумоем.
Саломат ва сарбаланд бошед.
Саломи моро ба ҳамаи ҳамватанон дар он ҷо расонед.
XS
SM
MD
LG