Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон ду "шаҳрванди Британия" боздошт шудаанд


Мақомоти Лондон таъйид карданд, ки нируҳои мусаллаҳи Британия дар Афғонистон ду шаҳрванди Британияро боздошт кардаанд. Вазорати дифои ин кишвар дар изҳороте мегӯяд, нируҳои онҳо дар Афғонистон ду нафарро боздошт кардаанд ва онҳо иддао мекунанд, ки “шаҳрванди Британия мебошанд”. Вазорати корҳои хориҷии Британия гуфтааст, ин ду бритонёӣ дар сафоратхона нигаҳдорӣ мешаванд ва кормандони сафорат “ба онҳо кӯмак мекунанд”. Вале то ҳол гузоришҳои матбуотӣ таъйид нашудааст, ки оё ин ду нафари машкук ба нафъи Толибон меҷангиданд ё хайр. Дар Афғонистон тақрибан 9 500 низомии Британия мустақаранд.
XS
SM
MD
LG