Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фасодро бояд реша барканд


Салом редаксияи азиз.

Хонандаи деринаи мачаллаи шумо мебошам.Танхо шуморо хазор хазорон хонандагон мехонанду мутолиа карда, мачалаи навбатии шуморо бесаброна интизоранд ва хурсанданд, ки доимо суханони хакикиро нотарсона менависед.

Корхои созандаги, ободони ва бошандагии мамлакат, чунин калимото дар радиову телевизиони точик чун анъанаву модни сухано шудаанд, доимо ба гуши хамагонамон мерасад. Аммо як фисади хамин калимотхои баланд дар мамлакати феодалиамон- ё ,ки ба ном демократиамон дида намешавад.

Дар мамлакатамон аз чихати нарасидани оби нушоки кудаку наврасон танкиси мекашанд ва аз сабаби хурдани оби забуру тахчойхо хазорон кудакон ба касалихои сирояткунанда касал мешаванд. Аз минбархои баланд баромад карда Точикистон оби тоза, об барои хаёт гуфта эълон мекунанд, аммо як бор хам ба ахволи халки худ назар намекунанд. Дар шахру навоихо ахволи обтаъминкуни нихоят бад аст. Чаро прокурорхои шахру навоихо амал намекунанд. Онхоро барои чи мондаанд? Мамлакати мо яке аз мамлакатхои аввалтарин аз чихати дар коррупсия огушташуда мебошад, гарчанде дар мамлакатамон бо овози баланд агентии зидди корупсия дар Чумхури амал мекунад.

Ин хамааш барои мамлакатхои донор, яъне пулте, ки ба пулхои додаашон назоратчиёнро мондаанд мебошанд.

Дар амал ин корхонаи антикоррупсиони барои худи сарватмандон лозиманд. Чунон, ки дар мисоли собик прокурори нохияи Хисор Файзулло Бобохонов дидем. Ба хамагон маълум, ки ин хама заказ аст. Чи мехохед гуед, ки дигар прокурорхо инсофашон пок аст? Хамаи онхо, такрор мекунам хамаашон, аз муфаттиши оддии прокуратура то ба рохбари калонашон хамаи хурду хурок, хонаву дари бохашамат (дар якошёна онхо зиндаги кардан намехоханд), мошинхои киммат, чандин хонаву дачахо, бустонсаройхо, ресторану магозахое, ки онхоро на вазорати андозу на госстандарт ва на коррупсия сару кор мегирад, хамааш аз они ана хамин хел назоратчиёни конун хастанд. Баъд дар кучову аз кучо обод шавем. Боз аз Россияву Узбакистон гила мекунем. Охир худамон барои пешрави ва ободии чамъият ягон кадам хам намезанем.

Коррупсия дар тамоми корхонахо аз худи Болохона сар карда, то дарвозабони оддии беморхона, ки фаркаш нест ту аз беморхона одами сихат ё мурда мебарори як сум те гуён пора мегиранд, чунки матали бехтарин аст- "Об аз боло лой аст". Мисоли одди. Мухтарам Мирали Амиршоев дар вакти раиси вилояти Хатлон буданаш беморхонаи касалхои дилро бо хамрохии Эшони Саидчон (хатиби вилояти Хатлон) анна хаминхо беморхонаро шахси карда хонахои бохашамат сохтанд. Мухтарам собик раиси вилоят Амиршоев на кам аз 200 метр дуртар ресторани кимматтарин дар вилоят "Оби тоза" бо хурокхои киматро сохта гирифт, гарчанде мегуфт, ин аз они ман нест ва ман хонаи ман давлати аст ва баъди рафтанам аз вазифа онро месупорам-Ха хестем , ки хобем .Хона хамон шабу руз ба таври автомати шахси шуда буд. Хамон вакт ба заводи трансформатории вилоят, ки дар Чумхури ягона аст, директори онро, ки солхои дароз рохбари мекарду ба хазинаи вилоят пули калон месупурд аз кор ронданд. Акнун баъди ба кор мондани думоди собик раиси вилоят, дар давоми 6 мох он чун накшаи ба хама маълум шахси карда шуд ва завод хоб рафт. Хеши дагараш Шамсулло Рачабалиев, ки дар заводи химиявии шахри Сарбанд ба хайси коргари одди (слесар) шуда кор мекард, дархол бурда муовини раиси шахри Кургонтеппа ба кор монд. Як хеши дигараш Зиёев Юсуф сардори БДА-и ш.Кургон-теппа кор карда, бо ришваситони ба даст афтода, факат аз кор пеш карда шуд ва баъди чанде боз бо дуои хамон раиси дастгох ба БДА-и вилоят ба кор монда шуд. Хеши дигараш раиси нохияи Сарбанд Рачабов Х. Шахрро тамоман хароб кардааст. Дар кучо дидаед, ки дар боги марказии шахр хонаи сеошёна созанд? Ана ба Сарбанд оед , худатон шохиди зинда мешавед, ки чи гуна бохашмат сохтааст. Барои обгузаронии
хонаи наваш ду руз оби шахрро манъ кард. Аз котелняи (стансияи оби гарм таъминкуни) беморхонаи маркази , ки беморхонаро пурра гарм мекард, ана хамон систернаро канда бурда дар хавлии нави худ васл кардааст. Бародарон ин ахвол дар тамоми корхонаву хукуматхои Чумхури чой дорад ва хамамон инро нагз медонем. Инро бо як камбагалро бо ришва капидан аз байн гирифта намешавад. Системаи Чумхури дар порахури гутидааст.Системаро иваз кардан даркор бародарон, системаро!

Аламшо Кимматов
XS
SM
MD
LG