Пайвандҳои дастрасӣ

Давлат амонатпулиҳои давраи Шӯравиро бармегардонад?


Матлубхон Давлатов-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

Матлубхон Давлатов-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз Матлубхон Давлатов-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон гуфт, замоне фаро хоҳад расид, ки давлат амонатпулиҳои шаҳрвандони худро, ки дар замони Шӯравӣ пасандоз карда буданд ва онҳо дар бонки амонатгузории Тоҷикистон маҳфузанд, ба соҳибонашон бар хоҳад гардонд. Дар ин бора “Азия Плюс” хабар додааст. Ба гуфтаи Давлатов, “то ҳол давлат ин пулҳоро пардохт накардааст ва рӯзе фаро хоҳад расид, ки давлат ҳатман онро ба соҳибонашон бармегардонад”.
XS
SM
MD
LG