Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро модарро боздошт кардаанд?


Мавлуда ва хоҳараш
Мавлуда ва хоҳараш
Фарзандони Ҷаҳонгул Акобирова, сокини ноҳияи Шоҳмансур мегӯянд, се рӯз аст аз модари худ хабаре надоранд. Ба гуфтаи онҳо, се рӯз қабл кормандони бахши амнияти ин ноҳия аз хона модарашон Ҷаҳонгул Акобироваро бо худ бурдаанд. Мавлуда Одинаева-духтари Ҷаҳонгул дар ин бора чунин гуфт:

“19 июл соати 14:00 ду нафар даромаданд, модарамро бе иҷозати прокурор гирифта бурданд. Гуфтанд, ки барои бачатон. Бачашон Одинаев Анвар срокашро тамом карду баромада Русия рафт, як сол шуд дар Русия кор карда истодааст”.

Анвар Одинаев қаблан ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт шуда, се солро дар зиндон сипарӣ кард. Нигаронии хонавода аз он аст, ки то ҳол аз модари худ хабаре надоранд ва намедонанд, ки ҳоло ӯ дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG