Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бидуни баҳс қонун дар бораи масъулияти волидонро тасвиб кардаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, аз тасвиби ин қонун истиқбол карда ва онро ба нафъи насли наврас хондааст.

Ин дар ҳолест, ки дар нимаи моҳи июни соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар низ қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро пазируфта буданд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон он замон тарҳи ин лоиҳаро ба вакилон шарҳу тавзеҳ дода ва таъкид намуда буд, ки қабули ин қонун барои таъйини ӯҳдадорӣ ва масъулияти волидон, омӯзгор ва ҷомеа дар амри тарбият ва таълими фарзанд аз аҳамияти махсус бархӯрдор хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ, ҳизбҳои сиёӣ ва бархе аз коршиносон қабули ин қонун бидуни бархе аз ислоҳотро муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни асосӣ ва низ мухолиф бо арзишҳои динӣ унвон мекунанд.

Ҳамчунин, онҳо аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқод кардаанд.

Аммо Убайдулло Қурбонов, раиси Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Миллӣ гуфтааст, ин тарҳ барои бозбинӣ ниёз дорад. Вай афзуд, қонуни нав таълими динии наврасонро маҳдуд нахоҳад кард.

Лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар» дар як соли ахир дар расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион ва маҳофили мухталиф муҳокима шуда, тарҳи он ба шакли китобчаи алоҳида ба теъдоди 200 ҳазор нусха мунташир шуда буд.

Тарҳи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба ибтикори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-уми декабри соли гузашта ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд.

Баррасии умумии ин тарҳ моҳи феврали соли ҷорӣ ба поён расид, ки бино ба гуфтаи мақомоти вазорати маориф дар тӯли дуним моҳи баҳсу баррасӣ бештар аз севуним ҳазор пешниҳод тавассути мардум ва корхонаву муассисаҳо ироа шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG