Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурони амниятӣ модареро боздошт кардаанд


Мавлуда Одинаева ва хоҳараш дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе

Мавлуда Одинаева ва хоҳараш дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе

Фарзандони Ҷаҳонгул Акобирова, сокини ноҳияи Шоҳмансур мегӯянд, се рӯз боз аз модари худ хабаре надоранд.

Дар ҳоле ки бино ба гуфтаи онҳо, се рӯз қабл намояндагони шӯъбаи амнияти ин ноҳия вориди манзилашон шуда Ҷаҳонгул Акобироваро бо худ бурдаанд.

Мавлуда Одинаева, духтари Ҷаҳонгул Акобирова гуфт, масъулони шӯъбаи амнияти ноҳия ба онҳо гуфтаанд, ки пас аз он ки ба чанд суол дар робита ба бародари онҳо – Анвар Одинаев посух мегиранд, модарашонро раҳо хоҳанд кард.



Анвар Одинаев қаблан ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт шуда, се соли умрашро дар зиндон сипарӣ кардааст. Ба гуфтаи Мавлуда Одинаева, як сол мешавад, ки бародари ӯ ба Русия рафта, машғули кору зиндагист.

Аммо нигаронии ин хонавода аз он будааст, ки то ҳол аз модари худ хабаре надоранд ва ҳам намедонанд, ки ҳоло ӯ дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад.

“Аз вақти бурдаашон се рӯз гузашт. Барояш ғизо мебарем, ғизоро намегиранд. Ҳатто ҳамроҳи мо сӯҳбат намекунанд. Се рӯз инҷониб пушти дари шӯъбаи амният меистем, ҳеҷ кас ба ҳарфи мо гӯш намедиҳад. Намедонем, ки ӯ гурусна аст ё ташна аст ва дар куҷо қарор дорад”,-афзуд Мавлуда Одинаева.

То кунун мақомоти амниятӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд ва ҳам далели нигаҳдории Ҷаҳонгул Одинаева баён нашудааст.

Ҷузъиёти бештар баъдтар дар ҳамин ҷо нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG