Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз барномаи киштиҳои кайҳонии шаттли Амрико баъди 30 сол ва анҷоми 135 парвоз ба поён мерасад. Интизор меравад, киштии “Атлантис” имрӯз аз истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ канда шуда, дар пойгоҳи кайҳонии Кеннедӣ дар аёлати Флорида фуруд биояд. Интиқоли фазонавардони амрикоӣ ба мадор аз ин ба баъд тавассути киштиҳои кайҳонии “Союз”-и Русия анҷом хоҳад шуд. Чанд ширкат, бо шумули “Боинг”, дар ҳоли ҳозир машғули сохтани насли нави киштиҳои кайҳонӣ барои Амрикоянд, вале ин шояд то соли 2015 тӯл бикашад.
XS
SM
MD
LG