Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, мушовирони ӯ қасди гирифтани пеши роҳи таҳқиқи ҷанҷоли гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ аз сӯи нашрияи "News of the World"-ро надоштанд. Камерон дар иҷлоси изтирории парлумон гуфт, чунин иттиҳомот “комилан нодуруст” аст. Ӯ ҳамчунин аз тасмими қаблиаш ҷиҳати истихдоми сардабири собиқи ин нашрия Эндӣ Колсон ба ҳайси сухангӯи худ ҳимоят кард. Колсон дар авоили моҳи июл дар робита ба ҷанҷоли гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ боздошт шуд. "News of the World" ба пинҳонӣ гӯш кардани гуфтугӯҳои ҳудуди 4000 нафар айбдор мешавад. Ин нашрия 10 рӯз пеш баъди 168 соли фаъолият баста шуд.
XS
SM
MD
LG