Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раҳбарони 17 кишвари узви минтақаи евро имрӯз дар Брюссел масъалаи ироаи бастаи дуввуми кумаки молӣ ба Юнонро баҳс хоҳанд кард. Раиси куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо дар арафаи ин нишаст гуфт, раҳбарони ИА бояд бар сари буҳрони қарзҳои Юнон ба тавофуқ даст биёбанд, вагарна ҳазинаашро иқтисоди ҷаҳонӣ хоҳад пардохт. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи чоршанбе мавзӯъи ироаи бастаи дуввум аз 115 миллиард евро кумак ба Юнонро бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ баҳс кардааст. Меркел имкони расидан ба пешрафти бузург дар Брюсселро ночиз хондааст.
XS
SM
MD
LG