Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозсозии роҳи Душанбе-Турсунзода оғоз хоҳад шуд


Бозсохти шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода – Пахтаобод ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд. Аз маркази иҷрои тарҳҳои бозсозии роҳҳои Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтаанд, иллати таъхир дар оғози ин тарҳи муҳим зарурати тахриби 300 манзил дар беш аз 60 километр тӯли ин шоҳроҳ буд, ки акнун ҳалл шуда ва соҳибони ин манзилҳоро ба маконҳои нав кӯчонидаанд. Ҳазинаи бозсохти шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода 186 миллион доллар баровард шудааст, ки бояд 120 миллионашро Бонки осиёии рушд, 27 миллионашро –Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ва 39 миллиони боқиро давлати Тоҷикистон таъмин кунанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё баъди тармим ин шоҳроҳ низ ба мисли роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ мешавад ё хайр.
XS
SM
MD
LG