Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

190 000 тонна бор барои нирӯҳои НАТО


Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ

Танҳо дар нимаи аввали соли 2011 тавассути қаламрави Тоҷикистон барои нирӯҳои НАТО дар Афғонистон беш аз 190 000 тонна бор расондаанд. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, аз ин миқдор 130 000 тонна, ё 70 дарсадаш маводи сӯхти ҳавопаймоҳост. Оқои Ҳукуматуллоҳ гуфт, соли 2009 аз тариқи роҳҳои оҳани Тоҷикистон ба Афғонистон 380 000 тонна бор рафта буд, вале соли гузашта ба далели боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон транзит ба Афғонистон аслан муяссар нашуд. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ вуҷуди мушкилот бо Узбакистон дар соли ҷориро низ эътироф кард, вале гуфт, ин мушкилот дар роҳи таҳвили борҳо зуд ҳалл мешуд.
XS
SM
MD
LG