Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева ба қонуни афв имзо гузошт


Зиндони Ново-Покровка, ё маҳбаси рақами сеи Бишкек

Зиндони Ново-Покровка, ё маҳбаси рақами сеи Бишкек

Раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева ба қонуни афви умум, ки ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли ин кишвар таҳия шудааст, имзо гузошт. Бар асоси ин қонуни афв афроди муҷрим дар ҷиноёти кӯчак, маҳбусони ноболиғ ва занони ҳомила ва аз 55-сола болову мардони болиғ аз синни 60 бояд аз зиндонҳо раҳо шаванд. Маҳбусоне ки қарзҳои молии худро ба давлат баргардондаанд, низ ҳаққи раҳоии пеш аз мӯҳлатро пайдо хоҳанд кард.
Дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон мегӯяд, ин қонуни афв дар маҷмӯъ 3 470 тан аз ҷамъи 14 435 маҳбусро фаро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG