Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Қаҳҳоров аз имкони ҳамлаи Худойбердиев


Маҳмуд Худойбердиев, акси солҳои 90
Маҳмуд Худойбердиев, акси солҳои 90
Вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров гуфт, эҳтимоли ба ҳамлаи нав алайҳи ин кишвар иқдом кардани сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро истисно намекунад. Оқои Қаҳҳоров гуфт, мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон аз ҷумла ба ҳамин далел ду сол боз таҳти реҷаи пурзӯр фаъолият доранд.
Маҳмуд Худойбердиев, аз фармондеҳони собиқи Фронти халқист, ки дар рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим дошт. Ӯ то соли 1997 фармондеҳи як бригадаи махсуми низомиим устақар дар Қӯрғонтеппа буд, вале баъди имзои созишномаи сулҳ исён бардошт ва баъди шикаст аз Тоҷикистон фирор кард. Бовар меравад, ки ӯ ва ёронаш дар Узбакистон паноҳ ёфтаанд, вале Тошканд инро ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG