Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

21 июл -солгарди пой ба рӯи Моҳ мондани Армстронг


Имрӯз, 21 июл, раҳбарони 17 кишвари минтақаи евро дар Брюссел пиромуни роҳҳои рафъи буҳрони Юнон як нишасти изтирорӣ барпо хоҳанд кард. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар идомаи силсиласафари ҷаҳониаш имрӯз вориди Индонезия хоҳад шуд. Имрӯз ҷашнвораи шастуми синамои Мелбурн оғоз ба кор карда, то 7 август идома хоҳад ёфт. 21 июли соли 2008 Радован Караҷич, раҳбари собиқи Ҷумҳурии сербҳои Босния, дар канори Белград боздошт шуд. 21 июли соли 1994 адиби маъруфи рус Александр Солженитсин баъди 20 соли ғурбат ба Маскав баргашт. Ва 21 июли соли 1969 фазонаварди амрикоӣ Нейл Армстронг нахустин нафар дар таърихи инсоният шуд, ки пой ба рӯи хоки Моҳ гузошт.
XS
SM
MD
LG