Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кэмерон аз сухангӯи худ ҳимоят кард


Дэвид Кэмерон

Дэвид Кэмерон

Нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон изҳор намуд, ки ҳама далелҳои дарёфти ғайриқонунии иттилоъ аз сӯи расонаҳои хабарӣ амсоли моҷарои нашрияиNews of the World таҳқиқ хоҳанд шуд.

Зимни суханронӣ дар нишасти оҷили парлумони Бритониё Кэмерон ҳамчунин аз тасмими худ барои сухангӯи ҳукумат таъин кардани сардабири пешини нашрияиNews of the World Эндӣ Коулсон дифоъ кард.

Моҷаро атрофи империяи расонаии Руперт Мёрдок чанд рӯз пеш баъди ошкор шудани далелҳое сар зад, ки хабарнигорони нашрияи News of the World ғайриқонунӣ гуфтугӯҳои телефонии тақрибан 4 ҳазор шаҳрвандони Амрикову Бритониё, аз ҷумла, пайвандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба Амрико ва наздикони сарбозони дар Афғонистону Ироқ ҷонбохтаро гӯш сабт кардаанд.

Мёрдок маҷбур шуд, ки ин нашрияро бандад ва ду бор расман узрхоҳӣ кунад.
XS
SM
MD
LG