Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайвандони Ботурхон Сафаров, бошандаи маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ӯ зери шиканҷаи кормандони милисаи Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Сино маҷбур шудаст, ки гуноҳи накардаи худро ба гардан гирад ва зери баёнот имзо гузорад.

Ба қавли пайвандони ӯ, барои иқрори гуноҳ ба аъзои таносули Ботурхон Сафаров аз барқ истифода шудааст: «Дар ШКД-и ноҳияи Сино ҳамон рӯз ба ӯ барқ монда ба зӯрӣ маҷбураш карда баёнот мегиранд, ки гӯё худаш худашро задааст. На дигарон. Гӯё вай худашро ба корд задааст. Ва алайҳи вай тибқи яке аз моддаҳои Қонуни ҷазоии Тоҷикистон, яъне расонидани хабари бардурӯғ парванда боз карда шудааст. Ба ин маъно, ки вай худашро задаасту боз омада хабар додааст, дигарон ба ӯ ҳамла намуда пулашро дуздидаанд.»

Вакилони мудофеи Ботурхон Сафаров мегӯянд, ки дар ҳақиқат бар асари истифодаи барқ 15 дар сади аъзои бадани Ботурхон сӯхтааст ва санади ташхиси тиббӣ низ дар даст ҳаст.



Аммо як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, ки феълан як гурӯҳи тафтишотии додситонӣ айбномаи шӯъбаи умури дохилаи Сино алайҳи Ботурхон Сафаровро таҳқиқ дорад ва дар охири ҳамин ҳафта натиҷаи он маълум карда хоҳад шуд, ки дар ҳақиқат Сафаров хабари бардурӯғ додааст ё хайр.

ЧИГУНА БОТУРХОН БА ДАСТИ ПУЛИС УФТОД?

Ботурхон Сафаров, саррофи яке аз нуқтаҳои мубодилаи арзи шаҳри Душанбе аслан ба фурӯши маблағи соҳибкорон сару кор доштааст. Вай тақрибан як моҳ қабл ҳангоми шом бо 80 ҳазор доллари амрикоӣ ба хонааш мехоҳад баргардад, аммо дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ як гурӯҳи ношинос ба вай ҳамла бурда ба ноҳияи дилу дасташ ханҷар мезананд, ки вай аз ҳуш меравад ва онҳо маблағро бо худ мебаранд. Яке аз зарбаҳои ханҷар ба ноҳияи дилаш бинобар бархӯрдан ба калидҳои сейфи дӯконаш, бархӯрда хато мехӯрад.

Ба қавли пайвандони Ботурхон, пас аз муроҷиати соҳибони пул, Шӯъбаи умури дохилаи Сино ӯро боздошт ва бо истифода аз барқ маҷбураш мекунанд, иқрор шавад, ки вай махсус худашро бо корд зада маъюб карда маблағро пинҳон кардааст.

Аммо Шӯъбаи умури дохилаи Синои пойтахт мегӯяд, ки мунтазири натиҷаи таҳқиқоти Додситонии кулл мебошанд ва феълан ба хотири халал наёфтодан ба ҷараёни тафтишот, аз ҳар гуна шарҳу тавзеҳ худдорӣ мекунанд.

ҲОДИСАҲОИ ЛАТУКӮБИ ШАҲРВАНДОН ТАВАССУТИ ПУЛИС

Лутфия Сафаралиева, вакили мудофеи Ботурхон Сафаров мегӯяд, ки воқеан мунтазири тафтишоти Додситонии кулл мебошанд ва новобаста аз натиҷаи тафтишот ба хотири
Сафаралӣ Сангов

истифода аз зӯр барои иқрори гуноҳ алайҳи кормандони умури дохилаи ноҳияи Сино шикоят хоҳанд бурд.

Ба қавли ҳуқуқшиносон, қисаи Ботурхон Сафаров тақрибан ба ҳодисаи марги Сафаралӣ Сангов, сокини дигари шаҳри Душанбе дар ҳамин Шӯъбаи умури дохилаи Синои пойтахт шабоҳат дорад.

Сафаралӣ Сангов, ки то ҳанӯз мурофиаи додгоҳии вай ба поён нарасидааст, дар якуми марти соли ҷорӣ баъд аз боздошти хушунатбор бо аломатҳои латукӯби шадид ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфт ва дар ҳоли беҳушӣ дар ҳамон ҷо ҷон дод. Табибони бемористон таъйид карданд, ки Санговро кормандони пулис ба бемористон овардаанд. Аммо масъулони вазорати умури дохила мегӯянд, ки дар натиҷаи саҳлангории кормандони милиса Сафаралӣ Сангов худро раҳо карда сари худро ба девор мезанад, ки дар натиҷа кушта мешавад.

ҶАЗОИ ОЛИИ СОҲАИ УМУРИ ДОХИЛА

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуноҳи кормандони Шӯъбаи умури дохилаи Синоро эътироф мекунанд аммо на бо амали латукӯби Сафаралӣ Сангов, балки ба беэътиноӣ нисбати масъулияи иҷрои вазифа.

Ба қавли Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, кормандоне, ки дар нисбати Сафаралӣ Сангов беаҳамиятӣ кардаанд, ҷазои олии соҳаи умури дохила дода
Абдурраҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон

шудааст: «Ҳоло тафтишоти парвандаи ҳодисаи марги Сафаралӣ Сангов идома дорад ва аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ нисбати милисаҳое, ки ба чунин ҳолат роҳ доданд ҷазои аз ҳама баланди соҳаи милиса, яъне огоҳӣ барои мувофиқати нокомили хидматӣ эълон карда шуд.»

"ҶАЗОИ САЗОВОР НЕСТ"

Чунин ҷазои олии Вазорати умури дохиларо ҳуқуқшиносон ҷазои сазовор намедонанд. Ва ба назари раиси созмони ғайридавлатии «Перспекива плюс» Ойниҳол Бобоназарова, беҷазо мондани кормандони умури дохилае, ки ба шиканҷаву озори боздоштшудаҳо даст мезананад, боиси афзоиши мизони шиканҷа хусусан дар мақомоти интизомии кишвар шудааст: «Хусусан кормандони милиса фикр мекунанд, ки ҳар коре, ки кунанд ҷавобгар нестанд, яъне ҷавобгариро ҳис намекунанд. Вақте, ки ҳамин гуна милисаҳое, ки ба шиканҷ роҳ медиҳанд эҳсоси масъулият намекунанд, ба ҳар амале даст назананд ҷазо
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик

намебинанд. Агар ҷазо додани чунин кормандон система нашавад ва як низоми дуруст ҷорӣ карда нашавад, ин пеш аз ҳама шиканҷаро дар Тоҷикистон бештар мекунад ва обрӯи кишварро мебарад.»

Ахиран созмони Афви байнулмиллал аз эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки дар изҳороти муштараки хеш аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро барои қатъи шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон эътироф кунад истиқбол кард.

Афви Байнулмилал ишора ба он мекунад, ки ташаббуси созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии дифоъ аз қурбониёни шиканҷа – 26-уми моҳи гузашта як амали айни муддаост. Бо такя ба изҳороти ин созмонҳо, Афви Байнулмилал аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, мубориза бо шиканҷаро ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш табдил диҳад ва ба парвандаи онҳое, ки шиканҷа дидаанд, аз рӯи ҳақиқат ва адл расидагӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG