Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё Афғонистон ба марҳалаи гузор омода аст?


Маросими вогузории масъулияти амниятӣ ба нерӯҳои афғон дар вилояти Лағмон

Маросими вогузории масъулияти амниятӣ ба нерӯҳои афғон дар вилояти Лағмон

Дар Афғонистон марҳалаи вогузор кардани масъулияти амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба нерӯҳои афғон оғоз шудааст.

Бо оғози ин марҳала хуруҷи тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш низ оғоз мешавад ва то соли 2014 идома меёбад.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо нерӯҳои Афғонистон омодаанд аз нерӯҳои хориҷӣ масъулияти амниятиро бар дӯш бигиранд? Оё онҳо бо техникаи зарурии низомӣ, ки ҳоло нерӯҳои хориҷӣ дар ихтиёр доранд, муҷаҳҳаз ҳастанд?

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз генерал Абдулҳодӣ Холиқ-муовини пешини вазири корҳои дохилии Афғонистон пурсидам, оё дар маҷмӯъ марҳалаи кунунӣ барои гузор муносиб аст?

Абдулҳодӣ Холиқ: Ба назари ман, ки чанд муддат дар қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон чун шахси масъул кор кардам, бояд аз чанд сол пеш омодагӣ ба ин кор гирифта мешуд, ки чӣ тавр заминаҳои баргашти нерӯҳои хориҷиро аз Афғонистон фароҳам шавад. Дар мавриди чигунагии мудирияти мустақилонаи амниятии Афғонистон бояд барномарезӣ мешуд. Пеш аз барномарезӣ бояд дар ин кишвар омӯзиши вазъ анҷом мегирифт, ки ниҳодҳои Афғонистон чӣ тавоноӣ доранд, ин кишвар ба чӣ гуна нерӯ ниёз дорад, чӣ гуна идорот бояд бошанд, мардум ба чӣ ниёз доранд, онҳо бо кор таъминанд ё хайр.



Суол: Ба назари шумо чаро марҳалаи кунунӣ барои вогузор кардани масъулияти амниятӣ бар дӯши нерӯҳои Афғонистон муносиб нест?

Абдулҳодӣ Холиқ: Ман намегӯям, ки муносиб нест. Омодагиҳо кофӣ нест. Чун як шаҳрванди Афғонистон хеле розӣ ҳастам, ки билохира моликияти афғонӣ ва масъулияти мудирияти афғонӣ бар амният, бар идора ва сарнавишти Афғонистон ба дасти худи афғонҳо меафтад. Аммо ниёз буд барои мустаҳкам сохтани ҳокимияти миллӣ дар кишвар ва қатъӣ сохтани мубориза бар зидди террроризм. Бояд омодагиҳои кофии аз қабл плоншуда гирифта мешуд.

Суол: Чун марҳалаи гузор аз ҳамин ҳоло шурӯъ мешавад ва то соли 2014 пешбинӣ шудааст, шумо фикр мекунед, ки ин мӯҳлат барои гузор кофӣ нест?

Абдулҳодӣ Холиқ: Мо то ҳоло профешинал(ҳирфаӣ) сохтани ҳукумати Афғонистон ва билахира омода сохтани ҳукумати Афғонистон барои худкифоиро намебинем. Мо то ҳоло барномаеро барои кору иштиғол дар Афғонистон ва эҷоди кори машруъ, пайдо кардани нони машрӯъ дар дастархонҳои афғонҳо ва фаъол сохтану истифодаи кувваи башарии афғониро намебинем.

Суол: Нерӯҳои Афғонистон ба андозае, ки имрӯз нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла нерӯҳои Амрико дар Афғонистон бо техникаи низомӣ муҷаҳҳаз ҳастанд, муҷаҳҳаз намебошанд. Фикр мекунед, ки то соли 2014 нерӯҳои миллии Афғонистон соҳиби ин гуна таҷҳизоти низомӣ хоҳанд шуд?

Абдулҳодӣ Холиқ: Панҷ сол пеш дар як маҷлис ҳузур доштам, вақте, ки яке аз мутасаддиёни вазорати дохила будам. Артиши Амрико ба мо ваъда дод, ки то соли 2011 нерӯҳои ҳавоии Афғонистон шакл хоҳанд гирифт. Аммо ҳоло, ки соли 2011 ба поёни худ меравад, қувваҳои ҳавоии мо чунин имконот ба даст наовардааст.

Суол: Ба ҳар ҳол, ба назари шумо ба унвони як коршиноси низомӣ, агар нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд, дар қадамҳои аввал кадом вилоятҳои Афғонистон ба гузор омода ҳастанд?

Абдулҳодӣ Холиқ: Феълан барои марҳилаи аввал ҳафт маҳале, ки таъйин шудааст, аксаран маҳаллоте ҳастанд, ки амн мебошанд ва қувваҳои хориҷӣ дар он ҷойҳо ё ҳузур надоранд ё ҳузури самболик(рамзӣ) доранд. Масалан, Панҷшер амн аст, Бомиён амн аст, шаҳри Мазор амн аст, шаҳри Ҳирот амн аст, дар Кобул қувваҳои кофии давлатӣ вуҷуд дорад. Фақат Лашкаргоҳ аст, ки дар он ҷо ҳам зарурат ба қувваҳои хориҷӣ дар дохили шаҳр набудааст ва ҳамчунин дар Металлок. Марҳалаи аввал марҳалаи самбулик аст, ки ҳоло иҷро мешавад, вале марҳалаи баъдӣ истеҳкомоти бештар мехоҳад ва иҷрои барномаҳоеро дар тамоми арсаҳо ва ислоҳот дар тамоми сутуҳи давлат мехоҳад.
XS
SM
MD
LG