Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ҷиноёти низомии Сербия ҳукм кард, ки раҳбари пешини сербҳои Хорватия Горан Ҳаҷич ба Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага интиқол дода шавад.

Том Фил, вакили мудофеъи Ҳаҷич, гуфт, ки ӯ бознигории ҳукмро талаб нахоҳад кард ва шахси таҳти ҳимояташро рӯзҳои наздик ба Ҳейг мебаранд.

Аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО аз боздошти Горан Ҳаҷич, охирин муттаҳам дар ҷиноёти низомӣ замони ҷанг дар нимҷазираи Балкан дар солҳои 90-уми қарни гузашта, истиқбол карда буданд.

Дар изҳороти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман ван Ромпей, Жозе Манэл Баррозу ва Кэтрин Эштон ҳабси Ҳаҷич чун “гоми муҳим дар роҳи вуруди Сербия ба Иттиҳодияи Аврупо” арзёбӣ шудааст. Аз иқдоми мақомоти Сербия Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен ҳам ситоиш кард.

Борис Тадич, раисиҷумҳури Сербия, имрӯз гуфт, ки Горан Ҳаҷич соати 8-у 24 дақиқаи субҳ дар боғи миллии Фрушка гора боздошт шуд.

Ҳаҷич сарвари Ҷумҳурии Сербҳои Краина буд, ки то соли 1995 дар хоки Хорватия арзи вуҷуд мекард. Ӯ ҳафт сол мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.
XS
SM
MD
LG