Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори турк аз дарёфти паноҳандагӣ маҳрум монд


Ҳомиёни ҳуқуқи башар мухолифи истирдоди Зор ба Туркияанд

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мухолифи истирдоди Зор ба Туркияанд

Вазорати кор ва муҳоҷирати Қирғизистон аз ироаи мақоми паноҳандагӣ ба як шаҳрванди Туркия, ки дар ватанаш дар фаъолияти террористӣ айбдор мешавад, сарпечӣ кард.

Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, хабарнигори турк Алӣ Усмон Зор аз сӯи полиси Қирғизистон рӯзи 2 май боздошт шуда буд. Мақомоти Туркия ӯро дар ҳамдастӣ бо шабакаи “Ал-Қоида” айбдор мекунанд.

Вакилони мудофеъи Зор мегӯянд, ки иттиҳоми Анқара дар баробари шахси зерҳимояташон ангезаи сиёсӣ дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Қирғизистон аз мақомоти кишвар хостанд, ки аз истирдоди хабарнигор ба Туркия худдорӣ кунанд.

Алӣ Усмон Зор ба нишони эътироз алайҳи боздошташ чанд ҳафта гуруснанишинӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG