Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия аз боздошти оммавии фаъолони мухолифин дар Димишқ ва атрофи пойтахт хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, рӯзи чаҳоршанбе яке аз раҳбарони Ҳизби миллӣ-демократӣ Ҷорҷ Сабра ҳам боздошт шудааст.

Рӯзи гузашта эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дар чанд шаҳри Сурия, аз ҷумла, дар Латания, воқеъ дар шимоли кишвар ва дар шаҳри шарқии Албу Камол баргузор шуданд.

Бар пояи бархе хабарҳо, дар шаҳри Ҳомс, дар задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ дасти кам 16 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG