Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зане дар раҳбарии вазорати корҳои хориҷии Покистон


Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон

Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон

Рӯзи сешанбе хонум Ҳино Раббонӣ Кҳар ба ҳайси вазири корҳои хориҷии Покистон савганд ёд кард.

Ин барои аввалин бор дар таърихи Покистон аст, ки зан ба курсии вазири корҳои хориҷии ин кишвар нишаст.

ПОКИСТОНИ СЕРМУШКИЛ ВА ВАЗИРИ КАМТАҶРИБА

Бо ишора ба таҷрибаи нокифояи ин хонум ҷавон ва мушкилиҳое, ки Покистон бо он мувоҷеҳ мебошад, баъзе коршиносон ин таъйинотро зиёд муваффақ намедонанд.

Ҳино Раббонӣ Кҳар дар гузашта вазифаи муовини вазири корҳои хориҷиро бар ӯҳда дошт. Президенти Покистон Осиф

Алӣ Зардорӣ, ки бо сафари корӣ ба Афғонистон рафта буд, ин хонуми 34-соларо бо мансаби наваш табрик кард.

Зардорӣ гуфт, ҳамсари фақидаш Беназир Бҳутто тақдими қудрат ба занонро яке аз бахшҳои муҳими мубориза арзёбӣ мекард.

Одатан дар Покистон вазифаҳои ҳалкунандаро ба мардҳо месупоранд, вале ҳамсари президенти кунунии Покистон Беназир Бҳутто ду дафъа ба мақоми сарвазири Покистон интихоб шуда буд. Ӯро дар соли 2007-ум ба қатл расондаанд.

Ҷои ёдоварист, ки тӯли панҷ моҳи ахир курсии вазири корҳои хориҷии Покистон холӣ буд. Моҳи феврал Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ аз вазифа сабукдӯш гардид.

МАЪМУРИЯТИ ДУШВОРИ ҲИНО РАББОНӢ

Коршиносон хотирнишон мекунад хонум Кҳар чанд сафари муҳим дар пеш дорад. Вазорати корҳои хориҷии Покистон эълон кард, ки ҳафтаи равон дар Индонезия дар ҳошияи Анҷумани Иттиҳодияи кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё (ASEAN) Кҳар бо котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ва вазири корҳои хориҷии Чин Янг Йечӣ дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Ҳафтаи оянда бошад, музокироти Покистон бо ҳамсоякишвари рақибаш Ҳиндустон мадди назар аст.
Мулоқоти 26-уми июл аввалин дидори мансабдорони ду кишвар дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баъди ҳамлаҳои моҳи ноябри соли 2008-ум аст.

Сиёсатмадори Покистон Эҷоз-ул-Ҳақ, писари Зиё-ул-Ҳақ-собиқ раҳбари Покистон, дар сомонаи интернетиаш навиштааст: “Оё хонум Кҳар бо маълумоти ташкили кори меҳмонсарову ошхона, омодаи пешбурди умури сиёсии Покистон хоҳад шуд?”

Эъҷоз-ул-Ҳақ худ посух додааст, ки “муомила бо Ҳиндустону ИМА кори осон нест, ба вижа ба як хонуми ҷавони бетаҷриба.”

ИСЛОМОБОД ВА ДЕҲЛИВУ КОБУЛУ ВОШИНГТОН

Вазири нави корҳои хориҷии Покистон бояд равобит бо Вашингтонро, ки баъди қатли Усома бин Лодин дар шаҳри Абботободи Покистон сард шудаанд, тармим намояд.

Рӯзи сешанбе дар Ҳиндустон хонум Клинтон гуфт, ИМА ҷонибдори он аст, ки равобиташ бо Покистон бар пояи дастгирии комили муқовимат ба терроризм асос ёфта бошад: “Мо эътироф мекунем, ки Покистон бояд ибтидо аз манфиати худ, сарзамини худ, соҳибистиқлолии худ ва мардуми Покистон дифоъ намояд. Мо возеҳ сохтаем, ки равобити дарозмуддати мо бо Покистон бар асоси эътирофи дуҷонибаи манфиатҳо ва аз ҷумла адами
Ҳиллари Клинтон бо ҳамтои ҳиндиаш М.С.Кришна зимни нишасти хабарӣ дар Деҳлӣ

таҳаммули тақдими маконҳои амн барои террористон аст, сарфи назар аз он, ки онҳо дар куҷо паноҳ бурдаанд. Вақте мо макони террористонро пайдо мекунем ва медонем, ки ҳадафи онҳо чист, мо бояд ҳамкорӣ намуда, имкон надиҳем, ки террористон ҳаёти мардуми бегуноҳро аз байн баранд.”

Мушкили дигаре, ки дар сархатти вазифаҳои аввалиндараҷаи вазири нави корҳои хориҷии Покистон қарор хоҳад дошт, равобити Исломободу Кобул аст, ки вақтҳои охир ба сардӣ гаравидааст.

Баъзе вакилони мардумии Афғонистон хадамоти кашфи Покистон(ISI)-ро бо даст доштан дар силсилаи кушторҳои сиёсатмадорони афғон муттаҳам мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG