Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба озмуни “Ман дар СССР зистаам” раъй диҳед!


Раъйи Шумо барандагони озмуни беҳтарин хотира ва аксҳоро муайян хоҳад кард.

БИШИТОБЕД!!!БИШИТОБЕД!!!БИШИТОБЕД!!!

Oзмуни “Ман дар СССР зистаам” ба охирин марҳилаи худ ворид шуд. Ҳама метавонанд, раъй диҳанд. Дар ҳамин сафҳа ё сафҳаи махсус.

ҲОЛО ФУРСАТ РАСИДААСТ, КИ ҒОЛИБОНИ ОН НОМБАР ШАВАНД.

Дар раъйдиҳии ҳайати ибтидоии доварон 10 матн ва 10 акси беҳтарин муайян шуданд. Яъне номгӯйи дарози озмун омода гардид. Акнун бояд аз миёни онҳо барандагони ҷойҳои аввал, дувум ва савум мушаххас шаванд. Доварон дар ин бора ақидаи худро доранд ва онро рӯзи 25-уми июл эълон мекунанд.

Аммо дар ин байн ҳамаи Шумо, хонандагони арҷманд, фурсат ва имконият доред, ақидаи хешро бо раъйдиҳӣ барои хотираҳо ва аксҳо баён доред. Баҳои Шумо хеле ва хеле муҳим аст, зеро дертар бо баҳои доварон муқоиса хоҳад шуд ва ба он таъсир хоҳад гузошт.

Ҳадаф ин аст, ки ёфтани пирӯзони озмун бо ширкати ҳадди аксари одамон ба вуқӯъ пайванданд ва то ҳадди имкон демократӣ бошад.

Дар маҷмӯаи Даҳгонаи аксҳо Шумо метавонед, дар зери ҳар акс бо пахши теъдоди ситорачаҳо (аз 1 то 5) ва дар гӯшаи назарсанҷии хосса бо “ангушт задан” ба доираи паҳлуи сарлавҳаи Даҳгонаи матнҳо барои беҳтарин хотира раъй диҳад. Шитоб кунед, фурсат танг аст. Рӯзи 25-уми июл натиҷаҳо ҷамъбаст ва эълон хоҳанд шуд.

Барандагонро ҷоизаи арзишманди Радиои Озодӣ ва ҳамаи моро шодмонӣ аз пирӯзии онҳо интизор аст. Нигоҳе кунед ба сафҳаи махсуси озмуни "Ман дар СССР зистаам"!

Барои баҳогузорӣ ба аксҳо ин маҷмӯаро "ангушт" занед. Сипосгузорем аз заҳматҳои Шумо!

XS
SM
MD
LG