Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Сербия Горан Ҳаҷич, охирин муттаҳам дар ҷиноёти низомӣ замони ҷанг дар нимҷазираи Балкан дар солҳои 90-уми қарни гузашта, боздошт шуд.

Ҳаҷич мавриди кофтукоби Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг қарор дошт. Дар бораи боздошти ӯ расонаҳои Сербия хабар додаанд ва аммо мақомоти кишвар инро тайид ё рад накардаанд.

Ҳаҷич сарвари "Ҷумҳурии Сербҳо" буд, ки то соли 1995 дар хоки Хорватия арзи вуҷуд дошт. Ӯ ҳашт сол боз аз таъқиби додгоҳӣ фирор мекард.
XS
SM
MD
LG