Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдор аз ҳамлаи эҳтимолии Маҳмуд Худойбердиев


Абдураҳим Қаҳҳоров,вазири умури дохилии Тоҷикистон

Абдураҳим Қаҳҳоров,вазири умури дохилии Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон эҳтимоли ҳамлаи дигарбораи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро баъид намедонанд.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, агар бардошти дурусте аз таърихи начандон дур карда шавад, ин хатар вуҷуд дорад: «Ман дақиқ гуфта наметавонам, ки кай ин ҳамла сурат мегирад. Аммо ӯ қаблан як чунин корро карда буд. Дар оғози соли равон мо се таркишеро, ки ҷонибдорони Худойбердиев мехостанд дар вилояти Суғд анҷом диҳанд, ҷилавгирӣ кардем.»

МАҲМУД КИСТ?

Полковник Маҳмуд Худойбердиев солҳои 1992-1997 бригадаи таъйиноти махсуси вазорати дифои Тоҷикистонро сарварӣ
Полковники шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев

мекард ва барои дар қудрат мондани ҳукумати имрӯзи кишвар алайҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик меҷангид. Баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, алайҳи ҳукумат шӯриш бардошт ва пас аз шикаст ба Узбакистон фирор кард. Ноябри соли 1998 бо ҳудуди 800 силоҳбадаст тариқи навоҳии Шаҳристон ва Истаравашан ба вилояти Суғд ҳамла овард, шикаст хӯрд ва дигарбора ба Узбакистон гурехт.



Вазири корҳои дохилӣ бо ишора ба ҳамлаи эҳтимолии Худойбердиев гуфт, нерӯҳои амниятӣ дар саросари кишвар ду сол ба ин сӯ дар ҳолати низоми пурзӯри хизматӣ фаъолият мекунанд.

Аммо бо назардошти фарқи вазъи имрӯзи Тоҷикистон аз соли 1998 мешавад гуфт, ки ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев воқеист, ё мақомоти расмӣ аз ин омил дар набарди иттилоотӣ алайҳи Ӯзбакистон сӯистифода мекунанд?

ОЁ ХАТАР ҶИДДИСТ?

Коршиносони наздик ба ҳукумат мутмаинанд, ки ҳамчунин хатар вуҷуд дорад ва ҳар лаҳза метавонад буруз кунад.

Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон чанде қабл аз мақомоти амниятии кишвар даъват карда буд, ки ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиевро ҷиддӣ бигиранд: «Барои он, ки ҳаводиси
Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон

моҳи ноябри соли 1998 бояд такрор нашаванд. Такрор мешаванд, агар мо дар ҳолати омодабош набошем. Мо бояд ҳамеша ҳаракат кунем, ки хатарҳои эҳтимолиро ҷилавгирӣ кунем. Бигзор рух надиҳанд, аммо мо бояд омода бошем.»

Дар гузашта мухолифини ҳукумати Узбакистон тариқи манобеъи ғарбӣ Маҳмуд Худойбердиевро сарвари гурӯҳи вижаи таҳти назорати хадамоти амниятии Узбакистон ва шахсан раисҷумҳур Ислом Каримов унвон карда буданд, ки амалиёти пахши бераҳмонаи эътирозгарони Андиҷонро дар соли 2005 сарварӣ мекард. Ҳамчунин гурӯҳи ӯро нерӯи боэътимоди раисҷумҳури 73- солаи Узбакистон медонанд, ки дар ҳолати зарурӣ бояд духтараш Гулнора Каримоваро ба қудрат орад.

"ЗАМИНАЕ БАРОИ БОЗГАШТИ МАҲМУД ВУҶУД НАДОРАД"

Коршиносон мегӯянд, дар қиёс бо соли 1998, вазъ дар Тоҷикистон тағйир хӯрда, нерӯҳои амниятии кишвар имкони ҷилавгирӣ аз ҳамчунин хатаре ба монанди ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиевро доранд ва заминае барои бозгашти полковники шӯришӣ вуҷуд надорад.

Абдулло Ҳабибов, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, агар Маҳмуд Худойбердиев шахсан иқдом кунад, ноком хоҳад шуд, аммо дар ҳолати пуштибонии қавии Тошканд метавонад боз беҷазо монад: «Маҳмуд Худойбердиев як гаравгон аст. Вай иҷрокунандаи фармон аст. Озодӣ надорад. Мустақил нест. Вай фақат фармон иҷро мекунад. Акнун кӣ фармон медиҳад, худатон медонед. Вай дар Қирғизистон ё Қазоқистон нест. Дар Узбакистон аст. Узбакистон роҳбар дорад ва фишангҳои назорати Худойбердиев ҳам дар дасти ӯст. Ҳар чӣ сар зад аз сӯи Узбакистон сар мезанад, на Маҳмуд Худойбердиев. Чанбар дар дасти ҳамонҳост.»

Оқои Ҳабибов афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳукумати Узбакистон низ ҷуръат нахоҳад кард, ки полковники шӯриширо ба Тоҷикистон фиристад. Вай афзуд, хабари расмии Тошканд дар бораи марги Худойбердиев собит нашуд ва ҷомеаи
Абдулло Ҳабибов, коршиноси умури амниятӣ

байнулмилалӣ хуб огоҳ аст, ки ӯ куҷост ва аз сӯи кӣ назорат мешавад. Оқои Ҳабибов гуфт, дар ҳоли ҳуҷум ба Тоҷикистон, на фақат Маҳмуд Худойбердиев, балки худи Узбакистон ҳам ба ҷавобгарии байнулмилалӣ кашида хоҳанд шуд.

БОЗДОШТҲОИ ГУСТУРДАИ ҶОНИБДОРОНИ САРҲАНГИ ШӮРИШӢ

Бино ба маълумоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, тайи шаш моҳи соли равон 12 размандаи гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дар Тоҷикистон боздошт шудаанд. Онҳо дар омода кардани амалиёти террористӣ ва дигар ҷурмҳо муттаҳам мешаванд. Мақомот мегӯянд, боздоштшудагон дар бораи фаъолиятҳои сарҳанги шӯришӣ дар Узбакистон маълумоти муфассалеро пешниҳод кардаанд, ки ба далоили маълум расонаӣ карда намешаванд.

Коршиносон мегӯянд, Маҳмуд Худойбердиев аз замони фирор ба ин сӯ нерӯи воқеӣ ва нуфузашро дар Тоҷикистон аз даст додааст ва наметавонад хатари ҷиддӣ бошад, аммо ҳамчунон як абзори муттаҳамкунандаи Тошканд дар набарди иттилоотӣ боқӣ мондааст, ки дар дасти Душанбе аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG