Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза хисороте дар Тоҷикистон надоштааст


Намояндаи кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи кадом хисороти молӣ ё ҷонии заминларзаи ахир ба дасти онҳо гузориш нарасидааст.
Маркази заминшиносии Амрико гуфт, субҳи чоршанбе дар водии Фарғонаи Осиёи Марказӣ як заминларзаи шадиди 6,2-баллӣ сабт шудааст. Маркази ин зилзила дар 40-километрии ҷанубуғарби шаҳри Фарғона ва тақрибан 300-километрии Душанбе гуфта мешавад. Шиддати заминларза сокинонро дар шаҳрҳои Андиҷону Душанбе ҳам маҷбур ба тарки манзилҳо кардааст.
XS
SM
MD
LG