Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табобати махфии Назарбоев дар Ҳамбурги Олмон


Рӯзномаи олмонии "Bild" мегӯяд, хабари дар шимоли Олмон таҳти табобат қарор доштани раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъйид шуд, вале иллаташ ҳанӯз маълум нест. Ба навиштаи ин рӯзнома, Назарбоеви 71-сола худро ба таври “махфӣ” дар маркази тиббии Донишгоҳи Ҳамбург ташхис кардааст. Гуфта мешавад, интиқоли Назарбоев ба ин бемористон бо миёнҷигии вазорати хориҷаи Олмон муяссар шудааст. Аммо ин вазорат дар посух ба пурсиши Франс Пресс аз табобат гирифтани президенти Қазоқистон дар Ҳамбург изҳори бехабарӣ кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт, Назарбоев дар рухсатист. Вале ӯ макони мураххасии президентро ошкор накард. Мақомоти бемористон низ аз ташреҳи ин хабар худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG