Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳвили масъулият ба нирӯҳои афғон дар Меҳтарлом


Нирӯҳои эътилоф дирӯз масъулияти таъмини амният дар Меҳтарлом, маркази вилояти шарқии Лағмонро низ ба нирӯҳои Афғонистон супурданд. Расми таҳвили ин масъулият дирӯз дар Меҳтарлом доир шуд. Меҳтарлом яке аз 7 минтақаест, ки барои марҳалаи аввали таҳвили масъулиятҳои амниятӣ интихоб шудаанд.
Аммо вилояти Ҳилманд, ки низ бояд то охири ҳафта ба дасти нирӯҳои амниятии Афғонистон гузарад, дар пешорӯи ин маърака ба мавҷи ҳамалоти чирикиҳо рӯбарӯ шудааст. Ду рӯз пеш дар ин вилоят 7 афсари пулис кушта шуда, дирӯз боз як мошини пулисро таркондаанд.
Раванди таҳвили масъулият ба нирӯҳои маҳаллӣ дар Афғонистон бояд то поёни соли 2014 такмил шавад.
XS
SM
MD
LG