Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии Мердок ва писараш дар парлумони Бритониё


Руперт Мердок

Руперт Мердок

Раҳбари 80-солаи “News Corp” Руперт Мердок, писари 38-солааш Ҷеймс ва сардабири собиқи таблоиди "News of the World" Ребека Брукс дар ҷараёни бозҷӯӣ дар кумитаи матбуоти парлумони Бритониё барои ҷанҷоли гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии ҳазорон нафар аз сӯи ин нашрия изҳори таассуф карданд. Руперт Мердок гуфт, вақте аз ин қазия дарак ёфт, “таккон хӯрд, ба ваҳшат омад ва шарм дошт.”
"News of the World" ба ғайриқонунӣ гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии ҳудуди 4000 нафар, бо шумули шахсиятҳои маъруф, пайвандони сарбозони дар ҷангҳо кушташуда ва қурбониёни гурӯҳҳои ҷиноӣ муттаҳам мешавад. Моликонаш 10 рӯз пеш рӯзномаи ҷанҷолиро баъди 138 соли нашр бастанд.
XS
SM
MD
LG