Пайвандҳои дастрасӣ

Китоби “Ман ҳақиқатро меҷӯям”-и шаҳрдори зиддунақизи Ӯш Мелис Мирзоаҳмадов бо теъдоди 3000 нусха ба нашр расид. Мирзоаҳмадов дар ин китоб дидгоҳи худ ба даргириҳои хунини қавмии як соли пеш дар Ӯшу Ҷалолобод байни узбакҳову қирғизҳо ва ҳам бархе ҷузъиёти то ҳол бозношудаи он ҳаводисро баён кардааст. Бар асари он даргириҳо беш аз 400 нафар ва асосан узбакҳо кушта шуданд.Ба эътиқоди нозирин, Мирзоаҳмадов ба ҳайси шаҳрдори Ӯш дар он рӯзҳои мудҳиш барои пешгирӣ аз даргириҳои қавмӣ кори чандоне накард ва баъди шурӯъи беназмиҳо дигар тавони гирифтани пеши роҳашро надошт. Аммо бо вуҷуди даъватҳои мукаррар, раҳбари Қирғизистон Роза Отунбоева шаҳрдори Ӯшро барканор накард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG