Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми шартии ду зани муттаҳам ба кӯдакфурӯшӣ


Акс аз як зоишгоҳи Душанбе

Акс аз як зоишгоҳи Душанбе

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ду занро бо ҷурми кӯдакфурӯшӣ ҳукми шартии зиндон дод. Мория Бобиева ба 8 соли шартӣ ва Сарвиноз Қосимова ба 5 соли зиндони шартӣ маҳкум шудаанд. Муфаттиши додситонии Ваҳдат Насрулло Каримов ба "Азия Плюс" гуфтааст, ҳарду мавриди кӯдакфурӯшӣ соли гузашта рух дода, Мория Бобиева фарзанди навзодашро ба иллати нодорӣ дар ивази 400 доллар ба ҳамсояи худ фурӯхтааст. Сарвиноз Қосимова ҳам дар моҳи декабр духтар таваллуд карда, фарзандашро ба як хонаводаи дигар мефурӯшад. Зани харидор низ ба 5 соли шартии зиндон маҳкум шуда, шавҳари ӯро 500 ҳадди ақали маош, муодили 17 500 сомонӣ, ҷарима бастаанд.
XS
SM
MD
LG