Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи писари хабарнигори ББС ба Эмомалӣ Раҳмон


Урунбой Усмонов
Урунбой Усмонов
Ойбек Усмонов, писари хабарнигори бахши узбакии ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмонов, дар номае ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос аз раҳоии падараш хостори лағви комили парвандаи ӯ шудааст. Ойбек Усмонов гуфтааст, падари ӯ вазифаи журналистиашро ҳалол иҷро мекард ва аслан бегуноҳ аст. Урунбой Усмонов, ки рӯзи 13 июн бо иттиҳоми узвият дар ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд, ҳафтае пеш баъди мавҷи интиқодҳои байналмилалӣ ва дахолати Эмомалӣ Раҳмон раҳо шуд. Ӯ феълан ба ба узвият дар ин ҳизб, балки ба хабар надодан ба мақомот аз фаъолиятҳои Ҳизб-ут-таҳрир айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG