Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браунфилд: «Мо, Русия ва Тоҷикистон аҳдофи ягона дорем»


Вилям Браунфилд, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Вилям Браунфилд, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Иёлоти Муттаҳида барномаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро роҳандозӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, бахше аз милллиардҳо доллари даромади мафияи ҷаҳонии маводи мухаддир ба сармоягузории гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро равона мешавад.

Вилям Браунфилд, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва раҳбари Бюрои
Ин дидорҳо ба андешаи ман хеле хуб буданд. Мо эътироф кардем, ки ҳадафҳоямон муштарак аст...

муборизаи байнулмилалӣ бо қочоқи маводи мухаддир ва умури ниҳодҳои интизомӣ охири моҳи гузашта бори нахуст ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия сафари расмӣ анҷом дод.

Ӯ дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Қирғизистон Роза Отунбоева мавзӯъи доғи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва тарҳи нави ИМА дар ин
бораро баррасӣ кард. Ҳадафи тарҳи мавсум ба «Ибтикори алайҳи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ», ки аз сӯи Амрико сармоягузорӣ хоҳад шуд, таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ дар мубориза бо паҳншавии ин «вабои аср» арзёбӣ мешавад.

Ҳамкори мо дар Вошингтон Ричард Солаш бо Вилям Браунфилд дар робита ба сафари ӯ ба Осиёи Марказӣ, ибтикори нави Кохи Сафед дар мубориза бо қочоқи маводи мухадир, талоши кишварҳои минтақа дар ҷилавгирӣ аз ин ҷинояткорӣ ва таъсири интиқоли назорати авзоъ аз дасти НАТО бар дӯши нерӯҳои амниятии Афғонистон ба вазъи мубориза бо парвариши хашхошу қочоқи маводи мухаддир сӯҳбат кард. Пурсиши аввал ин буд, ки ибтикори нави алайҳи қочоқи маводи мухаддир чӣ тарҳест ва чӣ гуна татбиқ хоҳад шуд?

Вилям Браунфилд: «Мо мутмаинем, ки ин гуна ибтикор ё низом барои ваҳдати ҷаҳду талоши панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба изофаи Афғонистон ва Русия ногузир аст. Мо ҳоло фақат машварати пешакӣ анҷом додем ва ҳама ҳукуматҳо ҳақ доранд, ки қабл аз пешниҳоди мо назари худро ба ин мавзӯъ баён кунанд. Он чӣ мо пешниҳод мекунем – систем ё низомест, ки гурӯҳу воҳидҳои махсуси ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро дар роҳи ҳамкорӣ ва табодули иттилоъ миёни ҳамдигар ва бо ҳамин гуна сохторҳо дар Афғонистону Русия муттаҳид месозад. Ҳама иттилоъ метавонад аз сӯи як ниҳоди марказӣ коркард шавад. Аз нигоҳи мо Маркази минтақаии иттилоъ ва ҳамоҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ё CARICC метавонад ҳамин гуна ниҳод бошад.

Суол: Ин тарҳ барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ то куҷо муҳим аст?

Вилям Браунфилд: «Онҳо аз ин роҳ метавонанд иттилои муҳиму доғ дар бораи тавлиди хашхошу аъмоли қочоқбаронро аз Афғонистон дастрас кунанд ва бевосита дар худи Афғонистон алайҳи қочоқбарон амалиёт доир намоянд. Барои Федератсиони Русия ин то куҷо муҳим хоҳад буд? Ин василаест, ки онҳо метавонанд бо талошҳо дар ин самт дар кишвари содиркунанда, яъне Афғонистон ва кишварҳои тронзитӣ – панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - ҳамроҳ шаванд, коре, ки айни ҳол онҳо наметавонанд анҷом диҳанд.

Суол: Вокуниши Маскав ба ибтикори нави Вошингтон чӣ гуна аст?

Вилям Браунфилд: “Ҳангоми сафари ахир ман бо мақомоти вазорати дифои Русия мулоқот надоштам. Ман бо намояндагони вазорати умури хориҷӣ ва Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Русия дидору гуфтугӯ кардам. Ин дидорҳо ба андешаи ман хеле хуб буданд. Мо дар бораи бахшҳое сӯҳбат кардем, ки метавонем ҳамкорӣ дошта бошем. Мо эътироф кардем, ки ҳадафҳоямон муштарак аст. Мо фаҳмидем, ки барои расидан ба ин аҳдоф шояд аз роҳу тарзҳои гуногун кор мегирем. Ҳадафи Иёлоти Муттаҳида дар робита ба дарёфти механизмҳои муассири назорат бар маводи мухаддир дар минтақа - бо талошҳои таъмину демократияву субот ва амният дар Афғонистон рабт дорад. Ҳадафи Русия бошад, аз пешгирии интиқоли ҳероин ба бозори кишвар ва таъсири он ба ҳазорҳо шаҳрвандони Русия маншаъ мегирад. Ҳамин тариқ, мо шояд аз роҳҳои гуногун кор мегирем ва аммо натиҷагириямон ҳамсон аст. Ҳарду кишвар ба коҳиши интиқоли ҳероин аз Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ба Федератсияи Русия манфиатдорем. Дуруст аст, ки мақомоти Русия дар роҳи таҳлилу баррасии мушкили маводи мухаддир ва хабари он барои Осиёи Марказӣ таҷрибаи зиёд андӯхтаанд ва онҳо гуфтаниву пешниҳодҳои зиёд доранд.
XS
SM
MD
LG