Пайвандҳои дастрасӣ

Руперт ва Ҷеймс Мёрдок ба саволҳои аъзои парлумони Бритониё посух медиҳанд


Раҳбари иҷроияи ширкати News Corporation Руперт Мёрдок ва писараш Ҷеймс имрӯз дар баробари аъзои парлумони Бритониё ҳозир шуда, дар робита бо моҷарои гӯшкунии телефонҳо посух доданд.

Руперт Мёрдок дар баробари аъзои кумитаи парлумон гуфт, рӯзе, ки писараш Ҷеймс, раиси иҷроияи бахши Осиёву Аврупои News Corporation дар баробари қурбониҳо узрхоҳӣ кард, яке аз дардноктарин рӯзҳои ҳаёташ будааст.

“Пеш аз ҳама мехоҳам таассуфи худро аз он чи ки рух дод, дар баробари қурбониҳо ва аҳли хонаводаи онҳое, ки телефонҳои онҳоро гӯш мекарданд, баён кунам. Ин як кори барои ман, падарам ва ҳама коргарони News Corporation таассуфовар аст. Ин амалҳо бо меъёрҳои ширкати мо дар саросари ҷаҳон мутобиқат намекунад”.

Мёрдок қабл аз ин барои рӯ задани моҷарои марбут ба гӯшкунии телефонҳои сиёсатмадорҳо, ситораҳо, хабарнигорони рақиб ва сарбозони дар ҷанг кушташудаву духтари навраси ҳалокшуда аз хонандаҳо узрхоҳӣ карда нашрияи "News of the World" - ношири ин матолиби шармандаворро баст.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз ҷасади мурдаи хабарнигори собиқи ин нашрия Шон Ҳор ошкор шуд, ки ба матбуоти ғарбӣ моҷарои марбут ба гӯшкунии телефонҳоро хабар додааст. Сухангӯи полис гуфт, ки сабаби марги журналист мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG