Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози давлатҳои Балтик аз раҳоии маъмури КГБ дар Австрия


Давлатҳои соҳили Балтик – Литва, Латвия ва Эстония Австрияро барои озод кардани шаҳрванди Русия, ки дар ҷиноятҳои ҷангӣ айбдор мешавад, интиқод карданд. Австрия Михаил Головатовро, ки дар ҳодисаҳои соли 1991 дар саркӯби ҷараёнҳои истиқлолхоҳии мардуми Литва иштирок кардааст, баъди боздошти кӯтоҳмуддат дирӯз озод кард. Рӯзи душанбе Литва сафири Австрияро фаро хонда хашму эътирози худро аз амалкарди Вена нисбати нафаре, ки дар куштори 14 нафар ва ҷароҳати садҳо тани дигар даст доштааст, баён кард. Вазирони умури хориҷаи се давлати соҳиби Балтик дар як нома ба унвони ҳамтоёни аврупоиашон ва аз ҷумла ба номи комиссионери умури адлияи Иттиҳоди Аврупо Вивиан Рединг аз озодшавии Головатов дар давоми 24 соати баъди боздошташ эътироз карданд. Дар сурати ба дасти додгоҳи Литва афтоданаш Головатовро 24 соли зиндон таҳдид мекунад. Австрия гуфт, ки Головатовро ба хотири нокофӣ будани далелҳо барои бозошту иттиҳоми ӯ раҳо кардааст.
XS
SM
MD
LG