Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Филмсоз Носир Саидов: "Сиёсат кори ман нест"


Носир Саидов, коргардони тоҷик

Носир Саидов, коргардони тоҷик

"Қиёми рӯз", аввалин филми истеҳсоли Тоҷикистон, тайи ду соли ахир дар 17 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст.

Хабарнигори "Озодӣ" бо Носир Саидов, коргардони филми "Қиёми рӯз" сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дода ва дар оғоз аз ӯ пурсид, ки ин филм боз то кадом вақт метавонад ҷашнвора ба ҷашнвора гардад, оё замони бардоштани филми нав фаро нарасидааст?

Носир Саидов: Як филм ду сол ҳаққи дар фестивалҳо ширкат
Акнун Шӯравӣ нест. Маблағ нест. Чӣ кор мекунӣ? Тасаввур кунед, меравам назди як нафар ва мегӯям, ки «Ака, барои ман 50 ҳазор сомонӣ деҳ, ки филм гирам», аммо вай мегӯяд: "Ман ба филм чӣ рабт дорам?"

карданро дорад. Аммо ин як кори сода нест. Ин гуна намешавад, ки ту филм гирифтӣ, мегӯӣ, ки пагоҳ билет мехарам ва меравам фестивали Канн. Ҳар ҷашнвора давраи интихоботӣ дорад. Соҳибони филмҳо дархост мефиристанд ва комиссияи махсус онҳоро дида, ширкаткунандагонро интихоб мекунад. Ҳамасола дар ҷаҳон ҳазорҳо филм сохта мешавад. Аммо дар мусобиқаҳо аз 18 то 23 филм ширкат мекунанд. Як қатор филмҳои дигар дар бахшҳои дигари ҷашнвора ба намоиш гузошта мешаванд. Қонуни ҷашнвора чунин аст.

Озодӣ: Аммо то кай Шумо бо ҳамин як филм мегардед, оё дар фикри филми нав ҳастед?



Носир Саидов ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ
Носир Саидов: Ин вобаста аст аввал ба кори эҷодӣ, омода шудан ба филми нав. Мо ҳанӯз пас аз ним соли «Қиёми рӯз» метавонистем ба гирифтани филми нав шурӯъ кунем. Аммо мушкили маблағ пеш омад. Мо пушти ҳалли ин мушкил ҳастем. Дӯстонамон дар ҷашнвораҳо ҳам аз ман суол мекунанд: «Носир кай филми дуввум шурӯъ мешавад? Кай?»

Озодӣ: Метавонед гӯед, чӣ филм аст, мӯҳтавояш чист?

Носир Саидов: Дар бораи сужаи ин филм гуфтан намехостам. Аммо номашро мегӯям. «Сафар ба ватан» ном дорад. Мавзӯяш ҳам муносибати падару писар аст.

Озодӣ: Мушкил дар маблағ аст, мегӯед. Аммо дар хориҷа ҳам пул пайдо кардан имкон дорад. Агар ҳаст, чаро намегиред?

Носир Саидов: Ман мехоҳам, ки филми ман истеҳсоли Тоҷикистон бошад. Ин барои ман муҳим аст. Аммо барои он ки филм истеҳсоли Тоҷикистон бошад, бояд ҳудуди 30-40 дарсади буҷа бояд аз ин ҷо пайдо шавад. Пас ширкатҳои хориҷӣ маблағи боқимондаро хоҳанд дод.

ИФТИХОР АЗ ҶАМШЕДУ БАХТИЁР

Ҷамшед Усмонов, синамогари маъруфи тоҷик дар Фаронса
Озодӣ: Бубинед, Бахтиёр Худойназаров ва Ҷамшед Усмонов ҳам коргардонҳои тоҷик ҳастанд, ки дар хориҷа асосан филмҳои тоҷикӣ мегиранд. Оё онҳо ҳам намехоҳанд, ки молашон моли Тоҷикистон бошад ва ё шумо ҳам наметавонед, ки бо пули дигарон дар бораи Тоҷикистон филм гиред?

Носир Саидов: Ман бо Бахтиёр дар якчанд филм кор кардаам. Коргардони дуввумаш будам. Аз ҷумла, филми охиринаш, ки соли оянда тайёр мешавад. Аммо бо ӯ қабл аз ҳама дӯст ҳастем. Бо Ҷамшед Усмонов ҳам дӯст ҳастем. Дар ягон филм якҷоя кор накардаем, аммо то ҳол бо якдигар тариқи имейлу телефон тамос мегирем ва сӯҳбатҳое дорем дар бораи он, ки чӣ ҳол дорӣ, ба чӣ кор машғулӣ, филматро кай мегирӣ ва ба ҳамин монанд сӯҳбатҳои эҷодӣ, синамоӣ. Аммо дар филми «Падари маҳтобӣ» баъзе қисматҳо бо кӯмаки «Тоҷикфилм» гирифта шудаанд. Фақат истеҳсоли Олмон буд, аммо Тоҷикистону Русияву Шветсария ҳам саҳм доранд. Аммо ҳам Бахтиёр ва ҳам Ҷамшед - ҳарду мехоҳанд, ки филми истеҳсоли Тоҷикистонро гиранд. Чаро не? Лекин мушкили молӣ ин ҷо вуҷуд дорад. Дигар ин, ки ҳардуро дар Аврупову Русия хуб мешиносанд ва барои онҳо дар он ҷойҳо пул пайдо кардан хеле осон аст.

Озодӣ: Назаратон ба ин, ки Ҷамшед Усмонов, як коргардони тоҷик ахиран як филми сирф фаронсавӣ гирифт. Сужа - фаронсавӣ, мавзӯъ - фаронсавӣ, қаҳрамонон - фаронсавӣ, аммо коргардон - тоҷик. Ин падидаи хуб аст ё чӣ?

Носир Саидов: Ман хеле ифтихор мекунам, ки Ҷамшед Усмонов мавзӯи фаронсавӣ гирифту филмаш истеҳсоли Фаронса шуд. Вақте дӯстон ба ман гуфтанд, ки имсол аз ҳама пружаи калонтарин дар Фаронса пружаи Ҷамшед Усмонов аст, хеле хуш шудам. Фикр кунед, ки як коргардони тоҷик дар Фаронса пружаи калонтаринро гирифт. Ман воқеан аз Ҷамшед Усмонов ифтихор мекунам.

БЕ ПУЛ СУХАНАТ АСАР НАДОРАД?

Озодӣ: Хуб, Шумо мегӯед, барои боло бурдани обрӯи Тоҷикистон филм мебардоред. Аммо чаро дар Тоҷикистон барои Шумо маблағ намедиҳанд?

Носир Саидов: Ҳоло дар Тоҷикистон вохӯриҳову сӯҳбатҳо идома доранд, то якчанд дарсади буҷаро ин ҷо пайдо кунем. Як қисмати пулро пайдо кардаем, аммо барои шурӯи наворбардорӣ кофӣ нест. Умедворем, ки пайдо мекунем. Ку каме сабр кунем. Аммо филми оянда ҳам бояд истеҳсоли Тоҷикистон шавад. Барои ман муҳим аст, ки Тоҷикистонро муаррифӣ кунем. Масалан, «Қиёми рӯз»-ро дар 17 кишвар намоиш додем ва парчами Тоҷикистон дар он ҷойҳо бардошта шуд.

Озодӣ: Дар хориҷа чӣ тавр мешавад маблағ пайдо кард?

Носир Саидов: Мисол, соли 2009 дар фестивали Фукоко дар Ҷопон ширкат доштем. Президенти фестивал ба ман ваъда дод, ки ҳудуди 80 дарсади маблағи филми навро медиҳад. Аммо ин зилзилае, ки шуд, ин корро ба қафо зад. Онҳо гуфтанд, ки мушкилашонро ҳал кунанд, дар фикри сармоягузорӣ хоҳанд шуд. Ҳоло пулро дар Аврупову Русия ва дигар кишварҳо ҳам меҷӯем.

Озодӣ: Аммо барои «Қиёми рӯз» чӣ гуна маблағ пайдо шуд?

Носир Саидов: Барои «Қиёми рӯз» ширкати «Талко - менеҷмент» маблағ ҷудо кард. Омадем, қиссаи филмро нақл кардем. Дигар суоле накарданд, кӯмак расонданд. Ширкат имконият дод, ки филм шурӯъ шавад. Баъд бӯҳрони молӣ пеш омаду ширкат дигар натавонист кӯмак кунад. Филм монтаж шуда, бархе корҳои дигараш монда буд. Барои ин ба Бунёди Ҳубербалси ҷашнвораи Роттердам, Бунёди Шветсария ва Бунёди Сорос нусхаи нотамоми филмро фиристодем, ки тамошо кунанд. Баъд онҳо кӯмак карданд. Аммо имконияти асосиро «Талко-менеҷмент» фароҳам овард.

ДАР БОРАИ ХАРОҶОТИ ФИЛМИ "ҚИЁМИ РӮЗ"

Носир Саидов
Озодӣ: Хароҷоти филм чӣ қадар буд?

Носир Саидов: Инро продюсерҳо медонанд. Ман ба қисмати эҷодӣ машғул будам.

Озодӣ: Як нафар, ки хешовандаш дар филми Шумо нақш бозидааст, боре гуфт, ки ҳаққи меҳнаташро надодаанд. Оё аз ҳамин гуна ҳаводис хабар доред?

Носир Саидов: Кӣ бошад хешовандашон? Бисёр мехоҳам, ки бифаҳмам. Зеро ҳаққи ҳамаи онҳое, ки нақш бозиданд ва ё хизмате карданд, пардохт шудааст. Баъд аз хатми филмбардорӣ ман ҳамаро ҷамъ карда таъкид кардам, ки бояд ҳама муздашро гирад. Ин барои ман хеле муҳим аст, то дар монтажи ман як энергияи мусбат ояд, барои он ки ин филми ҳама аст. Фақат аз Носир Саидов нест. Аз тамоми гурӯҳ аст.

Озодӣ: Яъне худи Шумо харҷи маблағро ҳам назорат мекардед?

Носир Саидов: На. Лекин ман медонистам. Ба ман мегуфтанд, ки ба кӣ чӣ қадар пул доданд. Воқеан, як замоне буд, ки пули мардумро дода наметавонистем. Вақте филмбардориҳо ба охир расиданд, пул набуд. Мо бо корҳои лабораторӣ машғул шудем. Аммо маблағ пайдо шуду ҳаққи ҳамаро пардохт кардем.

"ҚИЁМИ РӮЗ". НАТАНҲО ДАР БОРАИ МАРЗ

Озодӣ: Як суол аз мӯҳтавои «Қиёми рӯз». Ҳодисаҳо дар як деҳае сурат мегиранд, ки аз миёнаш марзи давлатӣ мегузарад. Оё мавзӯи аслӣ мушкилоти марзи Тоҷикистону Узбакистон аст?

Носир Саидов: На фақат ин. Агар фақат ба Тоҷикистону Узбакистон фикр кунем, филмро маҳдуд мекунем. Ин як мушкили глобалӣ аст. Идеяи филм ҳам ҳамин аст. Вақте бо филмноманавис Сафар Ҳақдодов ҳам маслиҳат кардем, гуфтем, ки марз танҳо мушкили мо нест. Дар Қаробоғи Кӯҳӣ байни Озарбойҷону Арманистон, Фаластину Исроил, Югославияи собиқ ҳам ин мушкил ҳаст.

АЗ КОРИ ТЕЛЕВИЗИОН ТО СИНАМО

Озодӣ: «Қиёми рӯз» аввалин филми Шумост. Аммо то ин вақт Шумо куҷо будед? Чӣ кор мекардед?

Носир Саидов: Ман асосан коргари телевизион будам. Дар Шабакаи аввал ва «Сафина» кор кардаам. Ҳамзамон коргардони дуввуми филмҳои «Ваъда кардам, меравам» ва «Зиндагии шахсии малика» - и коргардони маъруф, Валерий Аҳадов ва «Падари моҳтобӣ», «Шик», «Танкер танго» ва як филми нави Бахтиёр Худоназаров будам. Аммо телевизионро хеле дӯст медорам. Имрӯзҳо ҳам, ки пайи филмномаи нав ҳастам, баъзе тарҳҳоро коргардонӣ мекунам. Масалан, консерти Нозияи Кароматулло, як консерти алайҳи маводи мухаддирро коргардонӣ кардам. Ҳоло барои маросими ҷоизасупории «Овози тилоӣ» омодагӣ мебинем. Яъне аз телевизион дур намешавам. Паси корҳои синамоӣ мешавему боз бармегардем ба телевизион.

МУҲИТИ РАСМИВУ ҒАЙРИРАСМИИ ЭҶОД

Озодӣ:
Шумо ҳам бо телевизионҳои давлатӣ ва ҳам синамо сарукор доред. Яъне ҳам дар муҳити расмӣ кор мекунед ва ҳам муҳити ғайрирасмӣ бо коргардонҳои маъруфе, ба монанди Валерий Аҳадов ва Бахтиёр Худоназаров. Оё чӣ таърифе аз ин ду муҳит доред?

Носир Саидов: Фарқи онҳо хеле зиёд аст. Масалан, ман ҳамчун як эҷодкор маҳдуд шуда наметавонам. Агар дар филм як проблема набошад, гирифтани он маъно надорад. Дар он филм як проблема бояд ҳал шавад. Мардум бинанд, ки як проблема ҳаст. Намегӯям, ки сензура ҳаст. Ба ман, шахсан, ҳеҷ кас фишоре наовардааст. Зеро ман дар телевизион фақат бо эҷодиёт машғул будам, қисмати сиёсати он ба ман дахл надошт. Ман фақат бо мусиқиву табиату ҳайвоноту парандаву чаранда машғул будам. Телевизионе нест, ки сензура надошта бошад. Ҳар телевизион сензура дорад. Аммо он бояд дар ҳадде бошад, ки гузашта наравад.

Озодӣ: Шумо калимаи «сиёсат»-ро зикр кардед. Оё бо ин обрӯву эътиборе, ки доред, фикри узвият дар ягон ҳизб, ё намояндагии парлумонро дар сар мепарваред?

Носир Саидов: На, аслан ин фикрро надорам. Хулоса кардаам, ки сиёсат роҳи ман нест. Ман мехоҳам филм бигирам. Мардумро дар филмҳоям нишон диҳам. Дар дигар кишварҳо кишвар ва миллати худро муаррифӣ кунам. Бо сиёсат бигзор сиёсатмадорон машғул бошанд. Сиёсат ин кори ман нест.

"ЭҶОДИ ФИЛМ КОРИ САҲЛ НЕСТ"

Озодӣ: Бубинед, шояд дар ягон мақом бошед, пайдо кардани маблағ ҳам осон мешавад? Ё ягон роҳи дигар барои пешрафти коратон пеш меояд?

Носир Саидов: Эҷоди як филм кори сода нест. Албатта, азобу машаққати зиёд дорад. Акнун бубинед, ки ман дар 17 кишвар филмамро нишон додам ва Тоҷикистонро муаррифӣ кардам. Чӣ қадар мардум филмро диданд! Ин чиз кайфияти вижаи худро дорад. Намешавад тасвир кард. Ман гуфта наметавонам. Дар шабакаи маъруфтарини Ҷопон филмро намоиш доданд. Фикр кунед, чӣ қадар мардум бо Тоҷикистон ошно шуданд, як иттилоъ гирифтанд. Аз ин чизи хубтар ҳаст? Дӯстонам ва ҳам афроди ношинос занг мезананд, хушии худро мегӯянд. Дар Ҳиндустон, тавлидгоҳи синамо, дар ҷашнвораи Кирали будам. Баъд аз филм афроди ношиноси зиёде ба наздам омада изҳори сипос карда, мегуфтанд: Ташаккур барои филм, ки гиряи маро овард! Афроди ношинос, аз кишварҳои дур. Яъне энергияе, ки ман дар филм ҷой додам, ба он нафарон гузашт. Филмро қабул карданд.

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки дар 17 кишвар филматон буд? Кадоме хубтар қабул кард?

Носир Садиов: Зиёдтар дар Ҷопону Куриё, Фаронса, Ҳинд, Амрико, Эрон ва Марокаш.

ШӮРАВӢ НЕСТ, ПУЛ НЕСТ...

Озодӣ: Бубинед, дар ҳамон даврони Шӯравӣ аз оғоз мегуфтанд, ки мо ба сӯи коммунизм меравем. Ба ин бовар доштанд. Шумо ҳам як саҳар хестеду дидед, ки ин роҳ нест. Ҳоло мо куҷо меравем? Масалан, Шумо ин дигаргуниро дар синамо чӣ тавр мебинед?

Носир Саидов: Бале, бале. Худи ман як саҳар хестаму ба ман гуфтанд, ки дигар нест, тамом, Шӯравӣ нест, акнун мустақилед, роҳи худатонро ёбед. Тасаввур кунед, ки чӣ фикрҳо ба сари кас меояд: Мо куҷо меравему чӣ кор мекунем? Дар синамо вазъ аз ҳама бадтар буд. Чӣ тавр буд? Дар замони Шӯравӣ ҳама аз марказ маблағгузорӣ мешуд. Аз Кумитаи Марказӣ. Ҳар кишвар лимити худро дошт. Тоҷикистон, масалан, 10 филм, Узбакистон фалон, дигар ҷо фалон. Тарҳҳои худро пешниҳод мекарданд, Худсовет - Шӯрои бадеӣ ризоият медод, паси кор шаву халос. Тақсимоти маблағ буд. Коргардонҳо ғам надоштанд. Наворҳои зимистонро зимистон, тобистонро тобистон мегирифтанд. Ҳозир он қадар филмбардорӣ сахт шудааст, ки гуфта намешавад. Агар аз мӯҳлати гузоштаи маблағгузор як рӯз дер кунӣ, тамоми буҷа дигар мешавад. Дигар он имкониятҳо нестанд. Шӯравӣ пош хӯрд. Маблағгузорӣ манъ шуд. Плёнка аз Маскав меомад, доруҳои лаборатория аз Украина, ҳама қатъ шуд. Рафтуомад мушкил шуд. Як нома ба раиси ноҳия меовардӣ, ки кӯмак кунад. Филми давлатӣ! Ҳама бояд кӯмак кунанд. Акнун Шӯравӣ нест. Маблағ нест. Чӣ кор мекунӣ? Тасаввур кунед, меравам назди як нафар ва мегӯям, ки «Ака, барои ман 50 ҳазор сомонӣ деҳ, ки филм гирам», аммо вай мегӯяд: «Ман ба филм чӣ рабт дорам?» Мутахассисон рафтанд ба хориҷа, лабораторияҳо аз кор монданд. Боз ҷанг буд. Раванди сулҳ буд. Аммо рӯз ба рӯз ҳама чӣ бояд ҷои худро гирад, хуб шавад.

Озодӣ: Синамо барои ёфтани роҳ кӯмак мекунад?

Носир Саидов: Синамо, варзиш, санъат. Ин ҳама раванди муаррифии кишвар ва миллатро дар хориҷ метезонанд. Албатта, кӯмак мекунад.

"МАРДУМ ГУНОҲ НАДОРАД"

Озодӣ: Дар бораи филмҳои нав дар Тоҷикистон гуфтед. Солҳои ахир филмҳои зиёде дар кишвари мо рӯи кор меоянд, ки касро ҳам хурсанд мекунанд ва ҳам ба ташвиш меоранд. Мегӯянд, ки онҳо тоҷикиянд ва бозори филмҳои «бегона»-ву хориҷиро танг мекунанд. Ин хуб. Аз сӯи дигар, мешунавем, ки мегӯянд, онҳо хеле дар сатҳи паст таҳия мешаванд ва завқи мардумро паст мекунанд. Назари Шумо чист?

Носир Саидов: Шумо медонед, ман хеле хурсанд шудам, ки дар Тоҷикистон филмҳои зиёди сериалӣ гирифта шуданд. Лекин як хатар дорад. Гап дар он, ки ҳар кас бояд кори худашро кунад. Сериалро ҳам бояд коргардонҳои ҳирфаӣ гиранд. Дигар мавзӯъҳо бояд завқи мардумро паст накунанд, зеро ҳар чӣ мебинему мешунавем, моро пештар мебарад аз он ки мебинему мехонем. Як замон дар Русия ҳам ҳамин гуна «операҳои кафкӣ» буданд, ки аслан мавзӯъҳои лирикиву эҳсосбарангезро даст мезаданд. Аммо он давра гузашт ва синамо ҷиддӣ шуд. Филмҳои мо, ки набуданд, зуд дар дилҳо шиштанд. Аммо дар сериалҳо ҳам мешавад ба мавзӯъҳои баланд даст зад, ки сатҳи мардумро бардоранд. Мардум гунаҳкор нест. Бояд интихоб дошта бошад. Аз ин хотир, филм ҳам бояд зиёдтар бигирем.

Озодӣ: Яъне бовар доред, ки ин як давраи гузариш аст ва филмҳо зиёд истеҳсол шаванд, сифату мазмуни онҳо низ баланд мешавад?

Носир Саидов: Ҳатман. Воқеан, давраи гузариш аст. Баъзе наворбардорон, ки бо ман сӯҳбат мекунанд, дӯстони ман ҳастанд, маслиҳат мепурсанд, низ сериал мегиранд. Мебинам, ки аз лиҳози фаннӣ хеле пеш рафтаанд. Масалан, ду-се намуди камера доранд. Садоро алоҳида сабт мекунанд. Лавозимоти техникӣ бақувват мешавад. Ҳол он ки пеш се нафар - режиссёр, наворбардор ва ёвар мерафтанду филм мегирифтанд. Ин имкон надорад. Ба ақл рост намеояд. Ҳоло гурӯҳҳо пайдо шудаанду беҳтар кор мекунанд. Ман боварӣ дорам, ки ҳама хуб мешавад.

"ҲАМЕША ДАР ФИКРИ ЭҶОД ҲАСТАМ"

Озодӣ: Хуб, ҷаноби Саидов, аз филму сиёсату имрӯзу фардоҳо гуфтем. Оё зиндагии шахсии Шумо чӣ гуна аст?

Носир Саидов: Зиндагии шахсӣ? Хуб аст. Фақат барои хонаводаам кам вақт меёбам. Як муддат зиёд сафар мекардам. Ҳозир камтар сафар мекунам. Хонавода ҳам хуш ҳастанд.

Озодӣ: Яъне як филми дигар гиред, дигар хонаводаатон Шуморо нахоҳанд шинохт?

Носир Саидов: Эҷодиёт як коре нест, ки соати 8 шурӯъ кунӣ ва соати 5 ба охир расонӣ. Ин кори шабонарӯзӣ аст. Масалан, ҳозир бо Шумо сари эҷод сӯҳбат дорем. Аммо дар сар дигар фикрҳо ҳастанд. Дар бораи филми нав пурсидед, ба худ гуфтам, ки бигӯям, нагӯям. Лоақал як порчаҳаки филмро нақл кунам, накунам. Биё, беҳтараш «сюрприз» кунам. Як каме одами хурофотӣ ҳам ҳастам. Хулоса, кори эҷодӣ ҳамин аст. Ҳамеша дар хона, кор, сари чанбар, меҳмонӣ ҳар куҷо ҳастам, дар фикри эҷод ҳастам. Ин як кайфияти худро дорад. Агар мардум ҳама инро фаҳманд, фикр мекунам, ҳама эҷодкор мешаванд.

ДАҲҲО ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ЯК ФИЛМ

Озодӣ: Ҷаноби Саидов, барои як филм даҳҳо ҳазор доллар зарур аст. Шумо гӯё дар уқёнуси пул гоҳо шино мекунед. Вазъи молиявии худатон чӣ гуна аст?

Носир Саидов: Як манзили дуҳуҷрагӣ дорам. Як писару духтар дорам, мактаб мехонанд. Мошини БМВ дорам, истеҳсоли соли 1998, ки 4 ҳазор доллар арзиш дорад. Ҳоло ин чизҳо бароям муҳим нестанд. Шояд ки ягон вақт муҳим шаванд. Ҳозир дар фикри он ҳастам, ки кор кунам. Вақтро сарф накунам, ки рӯзе нафақахӯр шаваму аз дастам коре наояд. То он рӯз, илоҳӣ расем, вале ҳоло кор муҳим аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG