Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи гузоришҳо, Назарбоев дар беморхонаи Ҳамбург аст


Назарбоев беш аз 20 сол президенти Қазоқистон аст

Назарбоев беш аз 20 сол президенти Қазоқистон аст

Ҳафтаномаи олмонии "Bild" имрӯз хабар дод, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба яке аз беморхонаҳои шимоли Олмон интиқол дода шуд, вале ҳанӯз мушаххас нест, ки бо кадом сабаб ӯ ба кӯмаки табибон ниёз доштааст. Нашрия мегӯяд, ки Назарбоеви 71-сола ба таври махфӣ дар Маркази тиббии донишгоҳи Hamburg-Eppendorf муоина шудааст. “Ӯро дар ҳалқаи сахти амниятӣ ба беморхона интиқол доданд” ва вазорати хориҷаи Олмон ба ҳайси миёнарав дар ин кор хизмат кардааст, менависад нашрияи олмонии "Bild". Ҳарчанд дар тамоси хабарнигори Франс-Пресс бо вазорати хориҷаи Олмон дар бораи буду боши Назарбоев дар Ҳамбург изҳоти беиттилоӣ карда, сухангӯи беморхона аз шарҳи ин хабар худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG