Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба лағви иттиҳомоти дигари Урунбой Усмонов даъват кард.

Дар изҳороте, ки рӯзи 19-уми июл мунташир шуд, сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз озодии хабарнигори Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов истиқбол кард.

Он ҳамчунин аз ҳалномаи Додситонии кулли Тоҷикистон ва лағви иттиҳоми Усмонов дар ҳамдастӣ бо созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-таҳрир” ҳимоят намуда, гуфт, “монанди ҳамаи журналистон” ва барои иҷрои дурусти кори қонунии худ ҳамчун журналист ҷаноби Усмонов вазифадор аст, бо доираҳои васеи афрод мулоқот кунад. Дар ин замина Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба лағви иттиҳоми боқимондаи Усмонов, яъне хабар надодан аз аъмоли ғайриқонунӣ ба ниҳодҳои марбута даъват кардааст.

Хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ Урунбой Усмонов рӯзи 13-уми июн аз маъмурони амниятии Тоҷикистон боздошт ва ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир муттаҳам мекарданд. Аммо дертар ин иттиҳом лағв гашта, Урунбой Усмонов ба он айбдор мешуд, ки дар бораи мулоқоташ бо намояндаи гурӯҳи мамнӯъ ба маъмурони амниятӣ иттилоъ надодааст.

Бо фишори ҷомеаи журналистӣ, ҳамкасбон дар Тоҷикистон ва берун аз он, сафоратҳои хориҷӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ рӯзи 14-уми июл Додситонии кулли Тоҷикистон чораи пешгирӣ аз ҳаракати Усмоновро тағйир дода, ӯро ба шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG