Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё мавзӯе ё супорише барои Радиои Озодӣ доред? Кадом мавзӯъ аст, ки мехоҳед дар барномаҳо ва торнамои Радиои Озодӣ дар бораи он сӯҳбат шавад? Мехоҳед дар омода кардани ин матлаб ширкат кунед? Мо тарафдори ҳамкорием ва интизори пешниҳодҳои ҳар яки Шумо.

Ин суол дар Фейсбук посухҳои хубе овард. Хонандагон камбуди кори моро ҳамеша беҳтар аз мо мебинанд ва пешниҳоди онҳо умдатан дари мавзӯъҳои наверо боз мекунад.

Ш. Парвиз дар посух навишт: “Миннатдор мешудем, агар матлабе дар бораи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки шахри Душанберо бо ноаияаои тобеи марказ мепайваандад, омода мекардед. Масалан, байни Душанбе ва Ваҳдат, дар ин роҳ тамоман ягон автобус нест ва зиёда аз 10 сол ронандаҳои микроавтобусҳои шаҳри Ваҳдат ба воситаи порадиҳӣ ин роҳро дар ӯҳдаи худ доранд ва нархро ҳама вақт бо хоҳиши худ баланд мебардоранду паст мекунанд. Ҳукумати ин шаҳр дар бораи ба роҳ мондани автобусҳо фикре намекунад.”

Воқеан, мо дар бораи вазъи нақлиёти мусофирбар дар дохили шаҳри Душанбе борҳо навиштаем, аммо берунтар аз пойтахт оё вазъ чӣ гунааст? Албатта, шояд сарлавҳае дар ёди хонандагон ҳаст, ки “Тангемҳо”-ҳо мардумро танг мекунанд” ба вазъи мусофиркашонӣ дар Бадахшон бахшида шуда буд. Вазъи мусофирон ва ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои дигари кишвар ба чӣ наҳв аст, мавзӯи хубест барои пажӯҳиш.

Нақлиётро, қариб ҳамеша ба ришва ва фасод пайванд медиҳанд. Ҳам аз тарафи ронандаҳо ва ҳам бозрасони ҳаракат. Аммо Илҳоми Иброҳим менависад, зоҳиран мавзӯъ бузургтар аст: “Хуб мешуд, мавзӯи доғи порадиҳиро пайгирӣ мекардед. Инчунин мешавад сафҳаеро барои хонандагон ҷудо кард, ки он ҷо тавонанд, аз порадиҳии худ иқрор шаванд.”

Илова мекунем, ки агар чунин хабарҳо ба мо расанд, ҳатман пайгирӣ хоҳем кард. Барои журналистоне, ки дар мавзӯи фасод менависанд, чандин ҷоизаи байнулмилалӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд бузургтарин ҷоиза сипосгузории халқ ва савобест, ки аз мубориза бо фасод дармеояд.

Иброҳим Рустамов моро ҳушдор медиҳад, ки мавзӯъҳои оғозкардаи хешро фаромӯш накунем ва гоҳе дубора ба суроғи онҳо равем: “Мавзӯи Почтаи алтернативӣ чи шуд? Дар бораи Почтаи Давлатӣ ва Почтаи алтернативӣ бештар донистан мехоҳам. Барои чӣ дар вақти фиристодани китобҳо аз хориҷа ба Тоҷикистон, Почтаи Тоҷикистон боз маблағеро аз гирандаи почта талаб мекунад? Кадом... намуди молҳоро тариқи почта бидуни пардохти гумрукӣ ба Тоҷикистон фиристодан ё дарёфт кардан мумкин? Индексҳои шаҳру маҳаллаҳои Тоҷикистон кай мисли дигар кишварҳои шӯравӣ барӯз (содатар) карда мешаванд?”

Хеле пешниҳоди хуб аст. Ҳатто на як, балки чандин пешниҳод дар як нома. Журналистони тоҷик мехостанд, як почтаи алтернативӣ таъсис диҳанд, вале воқеан, баъдаш чӣ шуд, хабар надорем. Соли гузашта ман хостам, ба модарам аз Прага ба Тоҷикистон доруи дарди по фиристам. Баъдаш ба он чанд ҳадияи дигар ҳамроҳ кардам, як бастае шуд. Як радиоча ҳам илова кардам, ки модар гаҳ-гоҳ садои маро шунаванду осуда бошанд.

Баста аз роҳи Маскав то Душанбе расид ва бозпас омад. Ҳама чиз дарунаш буд, ба ғайр аз радиочаи “Сонӣ”. Онро бо эҳтиёт боз кардаву тақрибан бетағйир баста буданд. Ин аст, почтаи Тоҷикистон. Хориҷиёни зиёдеро мешиносам, ки мехоҳанд, ба дӯстонашон дар Тоҷикистон ҳадия фиристанд, аммо аз таҷрибаи ноком ин ҳадияро ба дасти шахсе равон мекунанд, на бо почта. Онҳое, ки мехоҳанд, ба нашрияҳои Тоҷикистон обуна шаванд, низ ношоданд, зеро аввалан расмият додани ин обуна мушкил аст ва сипас тазмине нест, ки нашрияҳо бароятон хоҳад расид ё на. Ҳамсояҳои мо аз Қирғизистон ҳар ҳафта як баста рӯзномаву маҷалла мегиранд.

Бо ин ҳол, аммо барои таҳкими робитаи тоҷикон бо ҷаҳони берун Файзулло Насруллоев пешнинҳод кардааст, “мавзӯи ташкили Анҷумани форсизабонони дунё ва иштироки тоҷикистониён дар он”-ро матраҳ кунем. Оё чунин анҷуман вуҷуд дорад ва масъала узвияти тоҷикон дар он аст ё нахуст онро бояд таъсис дод? Сипосгузорем ва ташаккур мекунем. Пешниҳодҳои ҳамаи Шумо бисёр хубанд, аз фардо ба таҳқиқу баррасии онҳо сар мекунем ва ҳатман бароятон хабар медиҳем, ки чӣ корҳое анҷом шуд.

Аммо Фахриддин Қурбомадович пешниҳод не, балки интиқод доштааст. Вай чанд шаҳре дар ҳошияи матолиби торнамои Озодӣ навиштааст, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо нашр нашудааст. Посух ин шуд, ки агар Фахриддини азиз дар навиштани фикру андешаи худ қоидаҳои одоби баҳсро риоя карда бошад, ҳатман номааш мунташир мешавад. Ин қоидаҳо содаанд:

“Мо талош надорем Шуморо дар изҳори андеша ва ақидаатон маҳдуд кунем. Аммо маводеро, ки дорои тӯҳмат, дашном, беобрӯкунӣ, беназокатӣ, таҳқир, даъват ба зӯроварӣ, порнография, таҳдид, тавҳин ва табъиз аст, нашр намекунем. Мо ҳамчунин маводеро нашр намекунем, ки даъват ба бадбинӣ доранд ва ё ғайриқонуниянд. Баҳсҳои мо ҳадафи тиҷоратӣ надоранд ва ҳаққи муаллифиро эътироф мекунанд.”

Гуфтугӯи мухлисон ва пешниҳоди мавзӯъҳо дар сафҳаи Фейсбук идома дорад. Агар Шумо ҳам пешниҳоде доред, лутфан, дар миён гузоред ва дар баррасии он ширкат кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG