Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозот барои бақайдгирии 183 муҳоҷири корӣ дар як манзил


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки як сокини шаҳри Санкт-Петербургро барои дар манзилаш ба қайд гирифтани 183 муҳоҷири корӣ ба ҳашт моҳи шартии зиндон маҳкум карданд. Бино ба иттилои додситонии шаҳр, Вадим Зайтсеви 35-сола барои, ба қавли додситонӣ, “ташкили ғайриқонунии ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” гунаҳгор дониста шуд. Хабар ҳокист, ки ӯ дар манзили худ бо мақсади дарёфти пул даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Озарбойҷонро сабти ном кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG