Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон дигар барои "тӯҳмат" муҷозот нахоҳад кард


Масъули САҲА дар масоили озодии баён имрӯз Қирғизистонро ситоиш кард, ки нахустин шуда дар қаламрави Осиёи Марказӣ иттиҳоми марбут ба тӯҳмату бӯҳтонро аз кодекси ҷиноӣ соқит кард. Дар изҳороти Дуня Миятович омадааст, ки “бекор шудани парвандаи ҷиноӣ марбут ба тӯҳмату бӯҳтон ба таҳкими озодии баён дар кишвар мусоидат хоҳад кард”. Президент Роза Отунбоева рӯзи 11 июл тағйироту иловаҳо ба Кодекси нави ҷиноиро имзо кард, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби парлумон қабул шуда буд. Миятович изҳори умедворӣ кард, ки муҷозоти боқимондаи мисли “таҳқиру тавҳин” ва “таҳқири мақоми давлатӣ” дар қонуни ҷиноӣ ҳам бекор хоҳад шуд, то ки аз истифодаи он барои маҳдуд кардани озодии баён дар Қирғизистон ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG