Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руперт Мёрдок ба саволҳои парлумони Бритониё посух хоҳад дод


Раҳбари иҷроияи ширкати News Corporation Руперт Мёрдок ва писараш Ҷеймс қарор аст имрӯз дар баробари аъзои парлумони Бритониё ҳозир шуда, дар робита бо моҷарои гӯшкунии телефонҳо посух диҳанд. Қабл аз ин, ду мақоми полиси Лондон ҳам дар заминаи ин моҷарои пурсару садо аз вазифаашон канор рафтанд. Нахуствазир Девид Кемерон мӯҳлати сафари тиҷоратии худ ба Африқоро кӯтоҳ карда қарор аст барои ширкат дар нишасти изтирории парлумон ҳозир шавад. Мёрдок қабл аз ин барои рӯ задани моҷарои марбут ба гӯшкунии телефонҳои сиёсатмадорҳо, ситораҳо, хабарнигорони рақиб ва сарбозони дар ҷанг кушташудаву духтари навраси ҳалокшуда аз хонандаҳо узрхоҳӣ карда нашрияи "News of the World" - ношири ин матолиби шармандаворро баст. Дар ҳамин ҳол, дирӯз ҷасади мурдаи хабарнигори собиқи ин нашрия Шон Ҳор ошкор шуд, ки ба матбуоти ғарбӣ моҷарои марбут ба гӯшкунии телефонҳоро хабар додааст. Сухангӯи полис гуфт, ки феълан сабаби марги журналист мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG