Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Амрико мулоқотро бо намояндагони ҳукумати Қаззофӣ тасдиқ карданд


Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида хабари мулоқоти мақомоти амрикоиро бо намояндагони ҳукумати Муаммар Қаззофӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки ин мулоқот ба хотири ироаи пайғоми ин ки “раҳбари Либия бояд равад” баргузор шудааст. Изҳороти департаменти давлатии Амрико аз Деҳлӣ пахш шуд, ки ҳоло он ҷо вазири хориҷа Ҳиллари Клинтон бо як сафари расмӣ қарор дорад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин мулоқот “на бо ҳадафи музокирот”, балки “танҳо ба хотири расонидани паёми ин ки дар оянда ҳеҷ мулоқоте пешбинӣ нашудааст”, баргузор шуд. Сухангӯи ҳукумати Либия мегӯяд, ки фиристодаҳои Қаззофӣ рӯзи шанбе дар як мулоқоти рӯбарӯ бо ҳадафи барқарор кардани равобит гуфтугӯе анҷом доданд. Рӯзи ҷумъа ИМА ва беш аз 30 давлати дигар Шӯрои миллии гузорро, ки аз ҷониби шӯришиёни Либияи шарқӣ ташкил шудааст, ҳамчун ҳукумати муваққат эътироф карданд.
XS
SM
MD
LG