Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарро ба ҳавопайморабоӣ айбдор карданд


Фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон

Фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон

Раҳбари пешини ширкати ҳавопаймоии "Ист-Эйр" дар рабудани ҳавопаймои ин ширкат муттаҳам мешавад.

Маъмурияти фурудгоҳи Душанбе ҳар гуна мудохилаи худ дар амри барканории раиси пешини ширкати ҳавопаймоии "Ист-Эйр" ва ҳамчунин лағви парвозҳои ин ширкатро ба далели тағйири раҳбари он рад мекунад.

Парвозҳои Тоҷикистон умдатан сермуштариянд ва аз ҷумла рафтуомади муҳоҷирони кории кишвар бизнеси фоидаоваре барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад, ки рақобатро дар ин бозор ба вуҷуд овардааст...

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, маъмурияти фурудгоҳи мазкур ҳеҷ гуна мудохилае дар амри тағйироти раҳбари "Ист-Эйр" надошта ва хабари расонаҳо дар мавриди ҳузур ёфтани мудири ин фурудгоҳ дар ҷаласаи ширкати мазкур ба мақсади таъйини раиси нав сиҳат надорад.

Ҷаноби Шодиев гуфт: "Хабарҳо дар бораи ба зӯрӣ гирифтани ширкати ҳавопаймоии "Ист-Эйр" ва мудохилаи мудирияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ин кор воқеъият надорад, албатта. Зеро фурудгоҳ як муссисаи мустақили хоҷагидорӣ аст ва "Ист-Эйр" як ширкати хусусӣ. Ин хабар як сенсатсияи журналистӣ аст."





Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Ин дар ҳолест, ки Владимир Куимов, раиси собиқи ширкати "Ист-Эйр", ки акнун дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, даъво кардааст, ки ғайриқонунӣ ва бо мудохилаи мудири фурудгоҳи Душанбе аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ каси дигаре бо номи Фирдавс Мухторов таъйин шудааст.

Аммо раиси тозатаъйиншудаи "Ист-Эйр" гуфтааст, ки таъйини ӯ бар асоси қонун сурат гирифта ва барканории раиси пешини ин ширкат Куимов низ бар асоси тақозои Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, ки раиси ширкати ҳавопаймоӣ метавонад танҳо шаҳрванди ин кишвар бошад, дар ҳоле ки Куимов шаҳрванди Тоҷикистон нест.

Бархостани ҷанҷоли мазкур дар ширкати "Ист-Эйр"-ро бархе аз коршиносон ба рақобати миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон низ марбут медонанд...

Раҳбарияти пешини ширкати "Ист-Эйр" мегӯяд, акнун парвозҳои ин ширкат ба далели бурузи ҷанҷол дар раҳбарии он дар чанд хатсайр, аз ҷумла Кӯлоб - Маскав қатъ шудааст. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки имкон дорад парвози Душанбе-Деҳлии ин ширкат низ лағв шавад. Аммо Муҳаммадюсуф Шодиев мегӯяд, парвозҳои ин ширкат ба сурати маъмулӣ ва тибқи ҷадвал идома доранд, ба истисони як парвозе, ки онро раҳбарони собиқи "Ист-Эйр" ба ҷои парвоз дар самти Маскав-Кӯлоб ба Қирғизистон бурданд.

Ӯ гуфт: "Ин парвозро иҷро накарда ҳавопайморо ба ҷониби Қирғизистон бурданд, ки ин худ вайрон кардани ҷадвали парвозҳо ва ҷиноят аст. Ба хотири он ки муосифрон аз сафар намонанд дар ин хатти сайр ширкати "Тоҷик-Эйр" парвоз анҷом дод ва мусофирони "Ист-Эйр"-ро интиқол дод. Дигар ҳамаи парвозҳо анҷом шудааст. "Ист-Эйр" ба кори худ идома медиҳад ва тағйироти дигаре дар ҷадвали парвозҳо нашудааст. "Имрӯз, 19-уми июл, ҳавопаймои ширкати "Ист-Эйр" аз Душанбе ба Деҳлӣ парвоз дорад. Алъон ягон тағйирот дар ҷадвали парвозҳо нест. Чи хеле, ки буд, идома дорад."

Дар ҳамин ҳол, Азиз Набиев, сардори раёсати ҳавопаймоии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, ширкати "Ист-Эйр" як ширкати хусусӣ аст ва бар асоси лизинг фаъолият мекунад ва интихобу таъйини раҳбарияти он ба мақомоти давлатӣ вобаста намебошад. Аз ин хотир, Вазорати нақлиёт дар амри тағйири раҳбарияти ин ширкат мудохила надоштааст. Ӯ мегӯяд, ширкатҳои хусусӣ дар бораи интихоби раҳбарони худ ба вазорат танҳо иттилоъ пешниҳод мекунанду халос.

Ширкати ҳавопаймоии "Ист-Эйр" моҳи сентябри соли 2007 ба кори худ оғоз карда, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Маскав, Санкт-Петербург ва Деҳлиро ба роҳ монда буд. Барои таъмини ин парвозҳо "Ист-Эйр" дар асоси лизинг ҳавопаймоҳои ширкати "Исток Авиа FZE"-ро истифода мекард. Ширкати мазкур дар бозори мусофиркашонии ҳавоии камтар аз як дарсад саҳм дорад.

Аммо бархостани ҷанҷоли мазкур дар ширкати "Ист-Эйр"-ро бархе аз коршиносон ба рақобати миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон низ марбут медонанд.

Парвозҳои Тоҷикистон, ба назари огоҳони умури ин соҳа, умдатан сермуштариянд ва аз ҷумла рафтуомади муҳоҷирони кории кишвар бизнеси фоидаоваре барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад, ки рақобатро дар ин бозор ба вуҷуд овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG