Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар Қатар


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Сурия рӯзи 18-уми июл дар Қатар дар бозии дӯстона бар дастаи мизбон - “Ал-Шоҳония”-и Доҳа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дар ин бозии санҷишӣ Юсуф Рабиев дар дақиқаи 8-уми дидор ҳисобро боз кард. Голи дуввуми мунтахаби Тоҷикистонро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 27-ум ба самар расонд. Мизбонон дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 69-ум, аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро тағйир доданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд:
дарвозабон – Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгарон – Соҳиб Сувонқулов, Фаррух Чориев, Ҷамшед Исмоилов, Асадулло Нуруллоев, нимҳимоятгарон – Нуриддин Давронов, Комил Саидов, Иброҳим Рабимов, Дилшод Восиев, ҳамлагарон – Давронҷон Тухтасунов ва Юсуф Рабиев.

Дар нимаи дуввуми бозӣ ба ҷойи Нуриддин Давронов, Даврон Тухтасунов ва Алишер Тӯйчиев ба майдон Маҳмадалӣ Содиқов, Фарҳод Тоҳиров ва Алишер Додов омаданд. Баъдан Дилшод Восиевро Фатҳулло Фатҳуллоев иваз кард. Дар дақиқаи 71-ум Иброҳим Рабимов корти сурх гирифт ва аз бозӣ хориҷ шуд. Дар ин бозии дӯстона сардовар иҷоза дод, ки ба ҷойи Рабимов Фурӯғ Қодиров ба майдон ояд.

Вале ду бозигари мунтахаби Тоҷикистон - Акмал Сабуров ва Эраҷ Раҷабов ба иллати латхӯрӣ дар ин бозӣ ширкат накарданд.

Ҳарифи мунтахаби Тоҷикистон – бошгоҳи футболи “Ал-Шоҳония” дар ҳамин ҳол дар сабқати дивизиони аввали Қатар бо 22 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Бозии аввали даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 миёни тимҳои миллии Сурия ва Тоҷикистон 23-юми июл дар Урдун соати 22 ба вақти Душанбе шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG