Пайвандҳои дастрасӣ

Курдистон ҷабҳаи нави рӯёрӯӣ миёни Эрону Ироқ


Сарбозони эронӣ

Сарбозони эронӣ

Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилобии Эрон ба хабаргузории расмии ИРНО гуфтааст, ки нерӯҳои Эрон се қароргоҳи чирикиҳои ПЕЖОК, як гурӯҳи ҷудоиталаберо, ки бо номи Ҳизби ҳаёти озоди Курдистон ҳам маъруф аст ва барои истиқлоли Курдистони Эрон меҷангад, "пурра" таҳти назорати худ даровардаанд.

Сарҳанг Диловар Ранҷбарзода, фармондеҳи нерӯҳои Сипоҳ дар шаҳри марзии Сардашт гуфта, ки ҳарсеи ин пойгоҳҳо дар дохили Ироқ "таҳти назорати комили мо омаданд ва мо ин минтақаро дар назорати комил дорем."
Амрико мехоҳад дар ояндаи наздик
шумори сарбозонашро
дар Ироқ кам бикунад ва ба 10 000 нафар бирасонад. Ва Эрон
ҳам бо истифода аз фурсат талош мекунад дар он минтақа барои худ ҷои пое дуруст кунад...


Ин амалиёт алайҳи чирикиҳои курд ҳанӯз рӯзи шанбе шурӯъ шуда буд ва ба гуфтаи сарҳанг Ранҷбарзода, ҳанӯз идома дорад.

Чирикиҳо аммо иддао доранд, ки тайи ин чанд рӯзи набардҳо 53 сарбози эрониро кушта ва 43 тани дигарро захмӣ кардаанд ва талафоти худи онҳо фақат ду нафар аст.

Эрон Масъуди Боризонӣ, раҳбари Курдистони Ироқро айбдор мекунад, ки бидуни дар ҷараён гузоштани давлати марказии Ироқ ба чирикиҳои ПЕЖОК паноҳ додааст. Эрон дар ин авохир дар манотиқи марзии курднишин ҳудуди 5 ҳазор сарбозро мустақар кард ва доманаи амалиёти низомиаш мояи суолҳое ҳам шудааст, ки оё ҳадафи Теҳрон танҳо чирикиҳои ПЕЖОК аст ё ҳадафе хеле болотар аз он?

Дар ҳар сурат, чунин ба назар мерасад, ки Эрон фишорро болои он гурӯҳҳои ироқӣ, ки хостори тамдиди замони ҳузури нерӯҳои Амрикоянд, афзоиш медиҳад. Аз ҷумла тавассути чунин амалиётҳои низомӣ дар дохили Ироқ.





Перомуни ҷузъиёти набардҳои ахир ва танишҳое ки ин ҳама байни Эрону мақомоти Курдистони Ироқ эҷод кардааст, гуфтугӯе доштем бо таҳлилгари масоили Эрону Ироқ дар дафтари Радиои Озодӣ дар Вошингтон, Ҳусейни Ориён.

Ҳусейни Ориён: Дар чанд рӯзи гузашта Эрон як ришта амалиётҳое дар ноҳияи шимолуғарбаш анҷом дода, ки дар воқеъ ҳаммарз бо Курдистони Ироқ аст. Бино ба гузориши Пресс ТВ-и Эрон, наздик ба 5000 нафар аз сарбозони нерӯи Сипоҳи посдорон дар ин амалиёт, ки алайҳи ПЕЖОК аст, ширкат доранд. Албатта, ҳар кадоми инҳо иддаое доранд. Эрон мегӯяд, ба нерӯҳои ПЕЖОК хисороти сангине ворид кардааст. ПЕЖОК ба навбаи худ аз кушта шудани 53 сарбозу захмӣ шудани 43 сарбози дигари Эрон дам мезанад.

Озодӣ: Ин пойгоҳҳо дар дохили хоки Ироқанд ё дар ҳошияи марз?

Ҳусейни Ориён: Ин бармегардад боз ҳам ба иддаои Эрон, ки мегӯяд, давлати иқлими Курдистони Ироқ ба раҳбарии Масъуди Боризонӣ пойгоҳҳое ё бахше аз он қисмати таҳти назораташро, ки ҳатто гуфта мешавад, наздик ба 3000 ҳектор аз арозии Курдистони Ироқ аст, дар ихтиёри гурӯҳҳои мусаллаҳи ПЕЖОК қарор додааст. Ин иддаои Эрон аст. Вале давлати Боризонӣ дар муқобил инро радд мекунад. Аммо ин боис шуда, ки ҷудо аз амалиёти низомӣ як таниши тозаи сиёсӣ байни Эрон ва давлати иқлими Курдистони Ироқ эҷод шавад.

Озодӣ: Худи ПЕЖОК чӣ гурӯҳест?

Ҳусейни Ориён: ПЕЖОК як гурӯҳи мусаллаҳест, ки агар аз диди Эрон бихоҳем назар кунем, Теҳрон онро як гурӯҳи террористӣ медонад ва мегӯяд, ПЕЖОК муттаҳиди ҳизби коргарони Курдистони Туркия ё ПКК аст, ки чанд сол боз алайҳи Ҷумҳурии исломӣ амал мекунад. ПЕЖОК дар воқеъ исми дигараш Ҳизби ҳаёти озоди Курдистон аст, ки дар гузашта ҳам даргириҳое байни нерӯҳои Сипоҳ ва афроди ин гурӯҳ вуҷуд доштааст.

Озодӣ: Аммо дар паси ин намоиши зӯри бозуи Эрон чӣ меистад?

Ҳусейни Ориён: Ин ки Эрон дар ин мавқеъияти хос вориди хоки Курдистони Ироқ шудааст ва мегӯяд, ки чандин пойгоҳи ин гурӯҳи чирикиро аз байн бурдааст, метавонад аз лиҳози сиёсӣ низ абъоде дошта бошад. Илова ба ин ки таниши байни Эрон ва давлати Курдистони Ироқро боло мебарад, дар айни ҳол метавонад аз назари сиёсӣ як паёме бошад ба соъири гурӯҳҳои курди эронӣ, ки дар онҷо мустақар ҳастанд. Мисли Ҳизби Курдистони Эрон ё гурӯҳҳои Кумала. Зоҳиран ин гурӯҳҳо ва ин ҳизб мусаллаҳ нестанд ва фақат корҳои сиёсӣ мекунанд. Вале ба назар мерасад, ки Эрон бар илова ба даргирӣ бо ПЕЖОК як паёми дигар ҳам мефиристад, ки ба фаъолияти ин гурӯҳҳо ҳам дар он ҷо бояд хотима дода шавад. Ҳамзамон метавонад паёме ҳам бошад барои давлати Амрико ва нерӯҳои амрикоӣ, ки дар онҷо мустақар ҳастанд. Амрико мехоҳад дар ояндаи наздик шумори сарбозонашро дар Ироқ кам бикунад ва ба 10 000 нафар бирасонад. Ва Эрон ҳам бо истифода аз фурсат талош мекунад дар он минтақа барои худ ҷои пое дуруст кунад.
XS
SM
MD
LG