Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти намояндагони Қаззофӣ бо Амрико


Сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳим гуфт, намояндагони Муаммар Қаззофӣ рӯзи шанбе бо мақомоти Амрико пиромуни эҳёи равобити ду кишвар музокироти рӯбарӯ доштаанд. Аммо ӯ аз гуфтани макони мулоқот ва сатҳи ҳозиринаш худдорӣ кард. Як мақоми вазорати хориҷаи Амрико баргузории чунин мулоқотро таъйид кард, вале гуфт, ҳадафи он танҳо расондани ин паём буд, ки Қаззофӣ бояд истеъфо диҳад. Ин мулоқот баъд аз нишасти рӯзи ҷумъаи Амрико ва беш аз 30 кишвари дигар дар Истамбул ба хотири ҳамчун намояндаи машрӯъи Либия шинохтани чирикиҳо сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG