Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои боз як мақоми аршади пулиси Бритониё


Ҷон Йейтс

Ҷон Йейтс

Ҷанҷоли гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ аз сӯи таблоиди "News of the World", марбут ба Руперт Мердок, сари боз як афсари аршади пулиси Бритониёро хӯрд. Раҳбари бахши мубориза бо террори пулиси Лондон Ҷон Йейтс баъди раиси Скотланд-Ярд Пол Стивенсон дуввумин мақоми пулис аст, ки ба маҳзи ин ҷанҷол истеъфо дод. Йейтс ба он айбдор мешавад, ки ду сол пеш таҳқиқи қазияро ба поён норасонда, парвандаро баст. Мердок барои амалкардҳои ин нашрия расман маъзарат хостааст. "News of the World" ба пинҳонӣ гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии садҳо шахсияти маъруф, сиёсатмадорону хабарнигорони рақиб ва як навраси гаравгон, ки баъдан кушта шуд, айбдор мешавад ва ҳафтае пеш аз байн рафт.
XS
SM
MD
LG