Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон тайи мавсими ахири шикор, яъне дар моҳҳои марту апрели соли ҷорӣ, аз ҳисоби фурӯши хатти муҷаввизи шикори гӯсфанди Марко Поло 3,6 миллион сомонӣ, ё чизе дар ҳудуди 768 000 доллар, ба даст овардааст. Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфт, тайи ин мавсим аз 80 квотаи мавҷуда танҳо 51 квотаро фурӯхта тавонистаанд ва ҳамаи талабгорони шикори Марко Поло аз хориҷ ва умдатан аз Амрикову Канада ва Аврупо будаанд.
Қимати ҳар хатти муҷаввизи шикори ин навъи нодири вуҳуш, ки дар кӯҳҳои Помир ба сар мебарад, 55 000 сомонӣ таъйин шудааст.Саршумори гӯсфанди Марко Поло дар қаламрави Тоҷикистон аз 12 000 то 15 000 сар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG