Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди Тоҷикистон имсол 6 фоиз рушд мекунад


Бонки рушди Аврупо дар пешбиниаш мегӯяд, мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 6,1 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳанда аз 4,5 дарсад нишондиҳандаи миёнаи рушди иқтисоди кишварҳои ҳамсӯд ва ҳам суръати рушди Қазоқистону Қирғизистон бештар буда, вале аз Узбакистону Туркманистон ақиб мемонад. Аммо Бонки рушди Аврупо аз вуҷуди чолишҳое дар роҳи рушди ин паҳно низ ихтор додааст, ки умдатаринҳояш кунд шудани суръати пешрафти иқтисоди ҷаҳонӣ ва ба ин дале коҳиш ёфтани талабот ба ашёи хом, ба хусус дар Чин, ва ҳам боло рафтани қимати ғизо дар бозорҳои ҷаҳонист.
XS
SM
MD
LG